Рамазон моҳи маоф асту инсоф, на моҳи бераҳмву хилоф
Шукру сипос бар Аллоҳи бешибҳу мисол, ки баҳри бахшиши бандагонаш моҳи Рамазонро ирсол кард. Дуруду салом бар Муҳаммад алайҳиссалом ҳар соату рӯзу моҳу сол ва низ бар ёрону хонадонаш ҳар лаҳзаву ҳол.
Касе шак надорад, ки моҳи Рамазон моҳи бахшиш асту эҳсон ва ҳам моҳи дурӣ аз фисқу исён. Моҳе, ки хони Илоҳӣ густурда ва ҳама анвои ғизояшро сутуда ва ҳама малоикро баҳри хидмати бандагонаш амр фармуда, то ҳама аз ин хони неъмати Илоҳӣ баҳра гиранд ва танҳо сипосу шукри Худовандӣ ба ҷо оранд.
Паёмбар (с) бо ёронаш, тобеин бо атбоаш ҳама бузургон ва муъминони воқеъӣ бесаброна ин моҳро ҳамасола чашми интизорӣ мекашиданд ва ҳарчи дар тавони хеш доштанд, чи аз моддӣ ва маънавӣ ҳамаро сарфи ибодату дастгирӣ бар бенавоёну мустамандон мекарданд, чун ёздаҳ моҳ саҳву исёне, ки аз онҳо сар зада буд, маъофу пузиш металабиданд. Агар фарзан, аз касе носазо ё ситаме медиданд, дар ин моҳ ҳамаи хасмони худро мебахшиданду дар оғӯш мегирифтанд. Рамазон моҳест, ки на танҳо бо нахӯрдану ошомидан пешвозаш гиранд, балки бо ҳама анвои хубиҳо ва эҳсонаш бояд истиқбол кард. Масалан, омӯзгор бо рағбати бештар шогирдонашро соҳиби илму ҳунар кунад, табиб бошад, бо лутфу навозиши зиёд беморонро муолиҷа намояд, аҳли хонашин, аз ҷумла мӯйсафеду пиразан намозу зикри бештар кунанд, донишҷӯёну толибон бештар такрори сабақ кунанд, аҳли молу сарват закоту хайре бар муҳтоҷон кунанд, фақиру нодор бошад, хайроти ағниёро бо чеҳраи кушода қабул намуда, дар ҳаққашон дуои хайру саломат ва баракат дар молу ҷонаш намоянд, аммо мардуми тоҷиру савдогар Рамазонро бо инсофу адолат ва арзон доштани колои хеш ва муомилаи нек бо мизоҷону дурӣ аз макру фиреб пешвоз гиранд. Азизони гузашта Рамазонро чунон бо лавозимаш риоя мекарданд, ки ҳама оммаи мардум, чи фақиру сарватманд, чи шоду маҳзун, чи сиҳату дардманд ҳама фазои хуши рамазонро эҳсос мекарданд, ҳатто дузду авбош қадри ин моҳро дониста, даст аз ғорату роҳзанӣ кӯтоҳ мекарданд. Пас, имрӯз чӣ шудаст уммати мусулмонро, ки ҳатто чун дуздони пешин даст аз ҷурму гуноҳ, қатлу ғорат, бераҳмиву шафқат кӯтоҳ намекунанд.
Дар ҳадисе омадааст: Ҳа кӣ дурӯғу аъмоли зиштро тарк накунад, пас Худованд ҳеҷ иҳтиёҷе ба нахӯрдану наошомиданаш надорад (ривояти Бухорӣ).
Дар ривояти дигар оамааст:
" Чун шаби аввали моҳи рамазон дарояд, мунодие нидо сар медиҳад, ки эй толиби хайр, моҳи хайр омадааст, хайри бештар кун ва эй толиби бадӣ, аз бадӣ даст кӯтоҳ кун" (ривояти Тирмизӣ).
Мутаассифона, баъзе аз тоҷирони мо ин моҳро интизорӣ мекашанд, на барои ибодат, балки то аз фурсат истифода карда, молу ашёи хешро бо нархи гарон бифурӯшанд. Ҳоло моҳи Рамазон нарасида, чанд рӯзе қабл гӯштро аз 40 то 45 ва ё баъзе беинсофаш то 50 сомонӣ ба фурӯш гузоштанд ва хушбахтона шунидем, ки бо дахолати сохторҳои дахлдор дубора бо нархи аввал боз гардонида шуд. Акнун он тоифа тоҷироне, ки ба ҷои фазои Рамазонро бо ҳусну латофат инъикос намудан, баръакс, бо тасмимҳои худхоҳонаи худ бар фақиру нодорон ҷабрро раво мебинанд. Пас, ин гурӯҳи аз инсофу садоқат фарсахҳо дур бояд қазовати сарнавишти хешро кунанд. Фаромӯш набояд кард, ки гуноҳи дар рамазон ҷазояш сангинтару бештар аст, мисле ки хайру сахояш подоши бештар дорад. Мо 11 моҳ барои нафси бадкеши худ заҳмату талоши зиёд мекашем, чи мешавад, ки ин як моҳро, ки бо ҳазор хайру баракат, бахшишу марҳамат омадааст, ғанимат шуморему баҳри сафои рӯҳи хеш файзу баракоти ин моҳро мустафид шавем, то Рамазон дар рӯзи сахти қиёмат шафеъи мо гардад.
Тиҷорат худ ибодат аст, аммо шурути сиҳати онро на ҳама кас баҷо меорад. Ҳазрати Умар (р) мефармояд: " Ҳар кӣ дар соҳаи тиҷорат илм надорад, ба бозори мо наздик нашавад" Зеро агар марди тоҷир илми тиҷорат ва ҳалолу ҳаромро надонад, шояд байъу широаш фосид гашта, ё дар рибо гирифтор шавад.
Имомони мазҳаб ва муҷтаҳидони соҳаи фиқҳ дар мавриди илми тиҷорат китобҳои махсуси ин соҳа таълиф карданд, мисли китоби байъ, иҷора, шуфъа ва фасли рибо, хиёри мабиъ, байъи нася ва амсоли он, то марди тоҷир моли ҳалоли худро аз ҷаҳлу нодонӣ табдил бо ҳаром накунад ва ҳуқуқи хариду фурӯш ва колояшро хуб бидонад.
Расули Акрам (с) рӯзе вориди бозори Мадина шуд. Чун аз қатори савдогарон убур мекард, ногоҳ чашмаш ба хурмоҳое афтид, ки болояш тозаву тагаш пургарду ғубор менамуд. Пайғамбар (с) аз ӯ суол кард, ки чаро болои хурмоҳо тоза асту тагаш не? Мард ҷавоб дод, ки ин кори ман нест, ман инро накардам, андаке қабл борон гирифт, болои хурмоҳоро шуста тоза карду тагаш ба ҳоли пешин боқӣ монд. Пайғамбар (с) бар он мард гуфтанд, ки пас чаро хурмоҳои тозаро бо хурмоҳои тагаш омехта накардӣ? Сипас фармуданд:
"Ҳар, ки ғашшу фиреб мекунад, аз уммати ман нест". (Ривояти Муслим)
Яъне моли пеши назари муштариёнро орову ҷило медиҳад, чун муштарӣ харидор шуд, аз моли гандаву нуқсондор барояш мефурӯшад. Бузургони дин мегӯянд, ки тоҷир набояд колояшро дар рушногии зиёд арзи муштарӣ кунад, шояд аз рушноӣ он мол ҷило дидаҳ, чашми харидорро бифиребад ва низ набояд дар торикие молашро пеши харидор пешкаш кунад, ки айби молаш намоён нагардад. Имом Абӯҳанифа (р) яке аз тоҷирони муваффақ буд. Рӯзе дар як матоаш нуқсеро мушоҳида кард ва бар ходими худ гуфт, то ин матоъро нисбат ба дигар матоъҳояш бо нархи арзонтар бифурӯшад, аммо аз фаромӯшӣ ходими Имом матоъро бо нархи матоъи бенуқс бифурӯхт. Дар аввалин лаҳзае, ки Имом аз ин ҳолат бохабар шуд, тамоми фоидаи бадастовардаи онрӯзаро садақа кард. Инчунин, боре дар рӯзгори Имом Абуҳанифа зане бо матоъе бар дукони ҳазрат омад ва хост, то матоашро бифурӯшад, то аз маблағи он ҳоҷати хешро раҳо кунад. Ибтидо Имом аз зан суол кард, ки бо чӣ миқдор маблағ матоашро мефурӯшад. Зан 100 дирҳам гуфт, аммо Имом гуфтанд, ки ин матоъ арзиши бештар дорад. Зан бо тааҷҷуб 200 дирҳам хост. Боз Имом ишора намуданд, ки арзиши бештар дорад. Зан хашмгин шуда гуфт, ки маро мавриди масхара нагиред, агар харидор нестед, вақти маро зоеъ накунед. Имом Абуҳанифа бо лутфу меҳрубонӣ мегуфт, модар, ин инсофи ман аст. Арзиши колои шумо 500 дирҳам аст. Хулас матои он занро бо 500 дирҳам харидорӣ кард. Дар ҳадис омадааст,ки : Худо раҳм кунад он касеро, ки ҳангоми хариду фурӯш осону саҳл мегирад ва чун қазоват кунад низ бо саҳлу осонӣ қазоват мекунад. (Мутафақун алайҳ)
Пас биёед бародарони азизу гиромӣ аз рӯзадорони ҳақиқӣ бошему ҳама узву ҷони мо рӯзадор бошад, дар ҳар соҳае, ки фаъолият мекунем, атрофиёни мо ҳис кунанд, ки мо натанҳо аз хӯрдану ошомидан, балки аз тамоми фасоди маънавию моддӣ рӯза доштаем. Аз ҳамдигар маофу бахшиш биталабем ва синаҳоро аз кинаву адоват пок созем, фурсатҳоро ғанимат шуморем, бикӯшем, то ҷомаи тақворо дар бар гирем, зеро маҳсули рӯзадорӣ (لعلكم تتقون) "шояд шумо ботақво гардед" мебошад.
Бахтиёр Авазов,
имомхатиби масҷиди панҷвақтаи
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе