Рўза тақвиятдиҳандаи ҷисму рӯҳ ва ирода
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Рўза доштан фоидаҳои ҷисмӣ ва рӯҳии фаровоне дошта, шифобахши ҷисм ва тавонбахши ҷон аст. Поккунандаи инсон аз тамоми палидиҳои ҳайвонӣ буда, дар сохтани фарди солеҳ бисёр таъсирпазир мебошад.
Аз ҷумлаи фоидаҳои рўзадорӣ аз нигоҳи тиб дар ҷисми инсон ин меъдаи инсон аст, ки аз пуркортарин аъзои ҷисми инсон ба шумор рафта, тақрибан дар ҳама соатҳо машғул ба кор кардан аст. Ҳар он чизе, ки инсон мехўраду менўшад, меъда ба ҳазму таҳлил ва ҷазбу дафъи он соатҳои дароз машғул аст.
Рўзадорӣ боис мешавад, ки меъда истироҳат кунад ва аз фарсудагиву нотавонӣ дар амон монда, неруву қуввати тозае бигирад. Аз дигар ҷиҳат захираҳои чарбие, ки дар деворҳои меъда қарор мегиранд ва сабаби дучоршавии бемориҳои меъда мешавад, таҳлил шуда аз байн мераванд.
Дар ривоятҳои зиёде аз олимони гузаштаи Ислом омадааст ки "Меъдаи одамӣ хонаи бемориҳои ўст ва парҳез аз ғизо дармони он аст".
Ногуфта намонад, ки фоидаҳои рўзадорӣ аз нигоҳи тиб дар сурате хубтар ба даст меояд, ки рўзадор баъд аз рўзадорияш дар хўрдану ошомидан аз ҳад нагузаронад. Чунки пурхўрӣ яке аз сабабҳои расидани зиёнҳо бар дастгоҳи ҳазму таҳлили меъда мегардад.
Бо пешрафти илми тиб баъзе аз олимон ва мутахассисони тиб ба чунин натиҷа расиданд, ки имсок аз хўрдан ва ошомидан аз бузургтарин тариқаҳои дармон аст. Бо рўзадорӣ ва имсок аз хўрдану ошомидан имкон дорад, ки бисёре аз бемориҳоро дармон бахшид ва ин ҳам албатта дар сурате ба ҷо меояд ки ҳангоми саҳар ва ифтор дар хўрдан ва ошомидан аз ҳад таҷовуз нашавад.
Инчунин дигаре аз фоидаҳои рузадорӣ он аст, ки рўза доштан яке аз омилҳои асосии боздорандаи инсон аз гуноҳон мебошад.
Рўзадорӣ ва махсусан рўза доштани моҳи шарифи Рамазон, ки бар ҳама мусулмонон фарз аст, омили муассире барои қувват бахшидани рўҳияи тақво ва парҳезгорӣ аст, чунон ки Худованд ёдовар мешавад: "Шояд парҳезгор шавед". (Сураи “Бақара”, ояти 183) Тибќи фармудаи Худованд рўзадорӣ омили муҳими тақво ва парҳезгорӣ мебошад.
Рўзадор бо баҷо овардани ин фармони Илоҳӣ, ки шарти камоли рўзадорӣ аст, руҳияи тақво ва парҳезгориро дар худ зинда мекунад ва ин муроқибати самарабахш дар моҳи мубораки Рамазон дар ҳоли рўзадорӣ бисёр осонтар аст. Чунки гуруснагиву ташнагӣ ва дигар маҳдудиятҳои рўзадорӣ алангаи саркаши ғаризаҳои ҳайвонӣ ва шаҳвониро то ҳадди бузурге хомўш месозад ва агарчи то як вақти муайян ҳам бошад гиребони ақл ва ҷонро аз чанголи шаҳват раҳо сохта, барои рўзадор заминае омода барои тамрини тақво ва парҳезгорӣ фароҳам мешавад. Шахси рўзадорро бо муроқибати доимӣ ва тамринҳои паёпай дар як моҳ неруи боздоранда аз гуноҳ ба вуҷуд меояд, хислати худдорӣ рушд мекунад ва бо гузаронидани ин барномаи як моҳа тавфиқ меёбад, ки пас аз моҳи рўза низ, парҳезгор боқӣ бимонад.
Омили дигаре, ки дар шахсияти рўзадор таъсирпазир мемонад, ин тақвият бахшидани иродаи рўзадор аст. Инсон бо рўзадорияш ки бозистодан аз хўрдану ошомидан ва худдорӣ кардан аз амалҳои дигар аст, дар воқеъ бо хоҳишоти нафси хеш меҷангад ва дар баробари шаҳватҳову ғаризаҳояш муқовимат мекунад. Ин гуна тамринҳо коркарди ирода ва тасмимро дар инсон неруманду устувор месозад ва ҷони инсонро аз чанги ҳукмронии ҳавасҳо ва хоҳишоти нафсонӣ мераҳонад.
Агар рўзадорон бо истимрор ва кўшиш аз фурсати рўзадорияшон ин баҳраро бигиранд то ки бар нафси хеш ҳоким гарданд ва лаҷоми онро ба даст бигиранд, аз нерумандтарин мардум хоҳанд гашт.
Пас рўзадорӣ омили асосии рушди инсон ва сабаби сиҳатӣ ва тақвияти рӯҳу иродаи шахс мебошад ва дар ташаккули инсони комил нақши боризе дорад. Хушо бар ҳоли касе, ки ин моҳи муборакро барои ислоҳи худ ҳамчун як шахсияти комил истифода барад.
Шарифзода А.
Сархатиби шаҳри Ҳисор