Вопрос № 01002

Дар бораи саҷдаи тиловат ҳадисе ҳаст?Чаро мо чор мазҳаб дорем?Оё тамошо кардани филмҳое, ки занҳо сарлучу побараҳнаанд, ҷоиз аст?

Вопрос:

Ассалому алайкум домуллои азиз. 1. Дар бораи саҷдаи тиловат ҳадисе ҳаст? 2. Чаро мо чор мазҳаб дорем? 3. Оё тамошо кардани филмҳое, ки занҳо сарлучу побараҳнаанд, ҷоиз аст? 4. Имом бадном шуда бошаду тавба кунад, зеро пештар нашъаманд буд, оё аз қафояш намоз дуруст аст? 5. Дар кадом ҳолат падар оқи фарзанд мешавад? Боқӣ Худо нигаҳбон.

Саволдиҳанда: Мулло

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Бародари азиз, дар мавриди саҷдаи тиловат ҳадисҳои бисёре ворид шудааст. Аз ҷумла, аз Ибни Умар (р) ривоят шудааст, ки фармуд: “Расули Худо (с) барои мо сураро қироат карда, ояти саҷдаро мехонданд, сипас саҷда мекарданд ва мо низ ҳамроҳаш саҷда мекардем, ҳатто ки яке аз мо маконе барои мавзеи саҷдаи худ намеёфт”. (Ривояти Бухорӣ ва Муслим) Инчунин аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: “Чун фарзанди Одам ояти саҷдаро хонда саҷда кунад, шайтон канор рафта, гиря мекунад ва мегӯяд: Эй вой бар ман, фразанди Одам ба саҷда амр шуд ва саҷда кард, акнун насиби ӯ биҳишт аст, аммо ман ба саҷда амр шудам, вале нофармонӣ кардам, пас ҷои ман дӯзах хоҳад шуд”. (Ривояти Муслим ва Ибни Моҷа)

2. Сабаби дар доираи чаҳор мазҳаб қарор гирифтани аҳли суннат ва ҷамоат якум иродаи Худованд буда, сониян пайрави зиёд пайдо кардани ин чаҳор мазҳаб, инчунин далелҳои муътамад доштани онҳо мебошад. Бояд донист, ки чор мазҳаб дар усул як ҳастанд, танҳо дар фуруъ ва ҷузъиёт ихтилоф доранд, ки ин аз табиат ва фитрати инсон аст. Ихтилоф ва гуногунандешии уммат дар масоили фаръии фиқҳӣ нишонаи раҳмати Худованд ва фароҳам овардани осонӣ барои бандагон аст. Ногуфта намонад, ки барои оммаи мардум пойбанд будан ба як мазҳаб боиси амну субот ва ваҳдати ҷомеа мебошад. 3. Ҳар филме, ки боиси таҳрики ғаризаи ҷинсӣ, ташвиқ ба гуноҳу иртикоби амалҳои нодуруст ва таблиғи афкор ва ақоиди ботил бошад, тамошои он мамнуъ аст. Аз ҳама муҳим ин ки тамошои чунин филмҳо вақти қимати инсонро зоеъ мекунад, хусусан ӯро аз таълиму тарбияи фарзандон бозмедорад. Агар муҳтавои филм аз ин гуфтаҳо орӣ бошанд, тамошои он боке надорад. (“Фиқҳи муосир”, с. 158-159).

4. Ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат ин аст, ки гузоридани намоз аз пушти ҳар як фарди некукор ва бадкирдор ҷоиз аст. Бинобар ин, олиме, ки аз кори бад тавба карда бошад, гузоридани намоз аз паси ӯ ба тариқи авло дуруст аст. (“Нафъул-муфтӣ”, с. 39). 5. Агар падар нисбат ба таълиму тарбияи фарзандаш таваҷҷуҳ накунад ва ба ӯ илму дониш ва одобу ахлоқ наомӯзад, дар ин ҳолат падар гунаҳгор мешавад ва фардои қиёмат мавриди муохиза ва бозпурсӣ қарор мегирад. Расули Худо (с) фармуданд: “Ҳамаи шумо сарпараст ҳастед ва нисбат ба зердастони худ масъул мебошед...”. (Ривояти Бухорӣ ва Муслим)

2017-04-01
2949
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

27.11.2024

Подробнее
Фаджр05:42
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:08
Иша18:38