Вопрос № 01004

Мехостам бифаҳмам, ки мӯъмин аз мусулмон чӣ фарқе дорад?

Вопрос:

Ассалому алайкум устоди муҳтарам. Мехостам бифаҳмам, ки мӯъмин аз мусулмон чӣ фарқе дорад? Илтимос маънои ҳар якеашро фаҳмонед.

Саволдиҳанда: Ҳалим

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи луғат байни имон ва ислом фарқ вуҷуд дорад. Маънои луғавии имон тасдиқ ва бовар кардан аст, маънои ислом бошад, итоат ва таслим шудан аст. Аммо аз нигоҳи шариат байни имон ва ислом фарқе вуҷуд надорад, имон ва ислом як чиз аст, имон бе ислом намешавад ва ислом бе имон ҳам сурат намебандад.

Имом Абӯҳанифа (р) дар китоби “Фиқҳи акбар” чунонки мефармояд: «Ислом, яъне таслим ва инқиёд аз авомири Худо аст, пас аз назари луғавӣ миёни имон ва ислом тафовут вуҷуд дорад, лекин имон ва ислом бидуни якдигар ба вуҷуд намеоянд. Имон ва ислом яке ҳастанд, пас он ду монанди пушт бо шикаманд ва дин бар имону ислом ва тамоми аҳком итлоқ мегардад». 

2017-04-01
3048
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

27.11.2024

Подробнее
Фаджр05:42
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:08
Иша18:38