Вопрос № 01018
Домуллои азиз, зан дар ҳолати ҳайз ба Пайғамбар (с) салавот бифиристад, гуноҳ аст ё не?
Вопрос:
Домуллои азиз, зан дар ҳолати ҳайз ба Пайғамбар (с) салавот бифиристад, гуноҳ аст ё не?
Саволдиҳанда: Сафармуҳаммад
Ответ:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, барои зане, ки дар ҳолати ҳайз қарор дорад, амалҳои зайл мамнуъ аст: Намоз, рӯза, хондани Қуръон ва ба даст гирифтани он, даромадани масҷид, тавофи хонаи Каъба, ҳамхоба шудан бо шавҳар. Аммо зикри Худо гуфтан ва ба Пайғамбар (с) салавот фиристодан дар ин ҳолат боке надорад. Барои зане, ки дар ҳолати ҳайз қарор дорад, мустаҳаб аст, ки дар вақти ҳар намозе вузӯ карда, чанд дақиқа ба зикру тасбеҳу таҳлил машғул шавад, зеро барои ӯ аҷру савоби намоз навишта мешавад. (“Нурул-изоҳ”, с. 48-49; “Раддул-муҳтор”, ҷ. 1, с. 186)