Вопрос № 01026
Ривоят аз ҳадис чӣ фарқ дорад?
Вопрос:
Ассалому алайкум домуллои азиз. Ривоят аз ҳадис чӣ фарқ дорад?
Саволдиҳанда: Иброҳим
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ривоят ба маънои нақл кардани сухан ё хабар аз касе аст, маънои ҳадис дар луғат сухан ва ё ҳар чизи навро мегӯянд, аммо дар истилоҳ гуфтор, рафтор ва тақрироти Паёмбар (с) аст. Маънои тақрир ин аст, ки шахсе дар ҳузури Паёмбар (с) кореро анҷом диҳад ё сухане бигӯяд ва он Ҳазрат (с) бо вуҷуди донистани он кор ё сухан аз он манъ накунанд, балки сукут варзида, онро ҷоиз қарор диҳанд. Дар ривояти ҳадис санад ва матн ҷойгоҳи асосӣ дорад. Санад силсилаи ровиёнест, ки ҳадисро ривоят мекунанд. Матн ҳамон гуфтору рафтор, тақрир ва васфи хулқӣ ва хилқии Паёмбар (с) аст, ки баъд аз интиҳои санад шуруъ мешавад. Илми ривояти ҳадис як қисми илми ҳадисшиносӣ аст, ки доир ба нақли гуфтор, рафтор, тақрирот ва васфҳои хулқӣ ва хилқии ба Паёмбар (с) нисбат додашуда, инчунин ҳифзу китобати матни ҳадис ва тадвини он баҳс мекунад.