Вопрос № 01036

Домуллои муҳтарам, дар сомонае хондам, ки беҳтарин ҳамд бар Худо аз нигоҳи баъзе фуқаҳо:الحمد لله بجميع محامده كلها ما علمت منها وما لم أعلم عدد خلقه كلهم ما علمت منهم وما لم اعلم...

Вопрос:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу! Домуллои муҳтарам, дар сомонае хондам, ки беҳтарин ҳамд бар Худо аз нигоҳи баъзе фуқаҳо:  

الحمد لله بجميع محامده كلها ما علمت منها وما لم أعلم عدد خلقه كلهم ما علمت منهم وما لم اعلم

буда, аз нигоҳи баъзеи дигарашон:  لله حمداً يوافي نعمه ويكافيء مزيده الحمد мебошад. Нигоҳи Шумоён чист? Агар ин гуфтаҳо дуруст бошад, лутфан муфассалтар бо далелҳо шарҳ медодед. Қаблан сипосгузорам ва чун ҳарвақта муҳтоҷи дуои неки шумоён ҳастам.

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, зикрҳое, ки дар аҳодиси Расули Худо (с) ворид шудаанд, аз ҷумлаи фазоили аъмол мебошанд. Илова бар ин, дар аҳодис зикрҳои хоссе дар вақтҳои хос омадааст, аз қабили вирдҳои субҳу шом, ки агар банда онҳоро бо ихлос анҷом диҳад, савоби зиёд ба даст меорад. Дар мавриди зикрҳои овардаи шумо андешаи ҳар ду гурӯҳи уламо дуруст аст, зеро бояд забони банда ҳамеша бо зикри Худо тар бошад ва аз он ғофил намонад. Шайтон гурги инсон аст ва ба сабаби зикр гуфтан аз инсон дур мемонад, чунонки Худованд дар сураи “Нос” баён кардааст. Худованд ба шумо илми нофеъ ва амали солеҳ рӯзӣ гардонад.

2017-04-12
2945
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

27.11.2024

Подробнее
Фаджр05:42
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:08
Иша18:38