Вопрос № 01052
Як модари ҷавон суол карда, ки оё барои навзоди фавтида дуо кардан лозим аст. Мо медонем, ки тақдир азалӣ аст, пас агарчи ӯ ҳаёт набурд, дар тақдираш некбахт ё бадбахт навишта шудааст.
Вопрос:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои муҳтарам, як модари ҷавон суол карда, ки оё барои навзоди фавтида дуо кардан лозим аст. Мо медонем, ки тақдир азалӣ аст, пас агарчи ӯ ҳаёт набурд, дар тақдираш некбахт ё бадбахт навишта шудааст. Фикри шумо дар ин бора чист? Ташаккур.
Саволдиҳанда: Абдуллоҳ
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат ин аст, ки дуо барои ҳамаи аҳли имон хоҳ хурд бошанд, хоҳ бузург, ҳатто ба пайғамбарон бо вуҷуди маъсум ва бегуноҳ буданашон нафъ дорад.