Вопрос № 01056
Ман дар муҳоҷират дар мағозае ҳамчун ёрдамчӣ (боркаш) шуда, бидуни танаффус аз соати 09.00 то соати 21.00 ва бе рўзи истироҳат кор мекунам. Мехоҳам ҳар шаби ҷумъа намози нафл гузорам, аммо аз сабаби хоби ширин онро адо карда наметавонам.
Вопрос:
Ассалому алайкум домуллои азиз. Ман дар муҳоҷират дар мағозае ҳамчун ёрдамчӣ (боркаш) шуда, бидуни танаффус аз соати 09.00 то соати 21.00 ва бе рўзи истироҳат кор мекунам. Мехоҳам ҳар шаби ҷумъа намози нафл гузорам, аммо аз сабаби хоби ширин онро адо карда наметавонам. Ба худ ваъда медиҳам, аммо хилоф мекунам. Оё ман дар назди Худо гунаҳгор мешавам? Дар ҳаққи ман дуои нек кунед. Ташаккури зиёд ба Шумо.
Саволдиҳанда: Муҳаммадюсуф
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ибодати нофила ихтиёрӣ аст, агар шумо тавони адо кардани ибодати нофиларо дошта бошед ва онро анҷом диҳед, аҷру подоши бузург мегиред. Агар тавони анҷоми ин корро надошта бошед, намозҳои фаризаро дар вақташ адо кунед, иншоаллоҳ шомили раҳмати Худованд мешавед, зеро муъмин бо нияти хайраш низ савоб мегирад, агарчи онро анҷом дода натавонад. Дар ҳадиси қудсӣ Расули Худо фармудаанд: “Худовани Мутаъол хубиҳо ва бадиҳоро муқаррар намуда, пасон онҳоро баён кардааст. Пас ҳар ки қасди некӣ карду онро ба анҷом нарасонид, Худои таъоло онро (барои вай) дар назди худ як хубии комил менависад, агар қасди некӣ карду онро ба анҷом расонид, Худои таъоло онро (барои вай) дар назди худ (ҳамчанди) даҳ хубӣ то ҳафсад баробар ва аз он бештар менависад”. (Ривояти Бухорӣ ва Муслим)