Вопрос № 01059

Дар бораи пора гирифтан ё пора додан мегуфтед. Мегӯянд, ки азоби порадиҳанда аз порагиранда зиёдтар аст.

Вопрос:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Дар бораи пора гирифтан ё пора додан мегуфтед. Мегӯянд, ки азоби порадиҳанда аз порагиранда зиёдтар аст. Лутфан бо далел мефаҳмондед. Дар ҳолати маҷбурӣ пора додан гуноҳ аст?

Саволдиҳанда: Яъқуб

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, пора гирифтан ва пора додан аз назари шариат дуруст нест, зеро Худованд мефармояд: “Амволи якдигарро ба ноҳақ махӯред”. (“Бақара”, 188). Расули Худо (с) низ мефармоянд: “Лаънати Худо бар касоне, ки барои судури ҳукме ришва мегиранд ва ришва медиҳанд”. (Ривояти Тирмизӣ). Агар шахсе барои дарёфти ҳаққи худ бидуни додани ришва имкон пайдо накунад ва хавфи аз даст рафтани ҳаққаш аз эҳтимол дур набошад, дар ин сурат танҳо ришвагиранда муртакиби гуноҳ мешавад. 

2017-04-21
4507
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

23.12.2024

Подробнее
Фаджр06:03
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:12
Иша18:42