Вопрос № 01073

Ман дар вақти гузоридани намози ҷамоат бисёр бетоқат мешавам, дилтангӣ ва ҳаросонӣ ба ман рӯй медиҳад ва агар дар мобайни сафҳо бошам, худамро тамоман бад ҳис мекунам.

Вопрос:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Ман дар вақти гузоридани намози ҷамоат бисёр бетоқат мешавам, дилтангӣ ва ҳаросонӣ ба ман рӯй медиҳад ва агар дар мобайни сафҳо бошам, худамро тамоман бад ҳис мекунам. Аз Шумо хоҳиш дорам, ки барои аз ин вазъият баромадан ба ман кумак кунед. Агар дуоҳои рафъи ин ҳолат бошад, хоҳишмандам онро ба ман расонед. Ташаккур.

Саволдиҳанда: Хайриддин

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шумо барои муолиҷа худро дуохонӣ кунед, хусусан ҳар субҳу шом “Оятул-Курсӣ”, сураҳои “Фотиҳа”, “Кофирун”, “Ихлос”, “Фалақ”, “Нос”-ро бихонед ва бар худ бидамед. Илова бар ин, зикри “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил-Алиййил-Азим”-ро бисёр гӯед, иншоаллоҳ шифо меёбед. Худованд ба шумо сиҳҳати комил ва шифои оҷил ато фармояд.

2017-04-28
3266
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

09.01.2025

Подробнее
Фаджр06:07
Зухр12:40
Аср15:28
Магриб17:25
Иша18:55