Вопрос № 01089

Дар бисёре аз кишварҳо, инчунин кишварҳои мусулмоннишин, мувофиқи русуми ташрифоти давлатӣ, зимни ташрифи ҳайъатҳои расмӣ зиёрати маконҳою хиёбонҳои фахрӣ ва оромгоҳҳои пешвоёни ин миллат пешбинӣ шудааст. Яке аз русуми ин зиёрат, сари таъзим фуруд овардан дар назди оромгоҳ ва ё пайкараҳо мебошад.

Вопрос:

Дуруд ба уламои Маркази исломӣ. Як суол чанд вақт боз мавриди баҳс қарор гирифтааст, мехоҳам посухи онро аз уламои Маркази исломӣ дарёт кунам. Дар бисёре аз кишварҳо, инчунин кишварҳои мусулмоннишин, мувофиқи русуми ташрифоти давлатӣ, зимни ташрифи ҳайъатҳои расмӣ зиёрати маконҳою хиёбонҳои фахрӣ ва оромгоҳҳои пешвоёни ин миллат пешбинӣ шудааст. Яке аз русуми ин зиёрат, сари таъзим фуруд овардан дар назди оромгоҳ ва ё пайкараҳо мебошад. Оё ба ҷо овардани ин амал, тибқи шариати исломӣ иҷозат аст? Бояд зикр кард, ки худдорӣ аз ин амал, эҳтимоли ранҷонидан ва ё фаҳмиши нодуруст қабул гардидан аз ҷониби кишвари пазиранда мешавад. Бо камоли эҳтиром ва қаблан сипосугузорам!

Саволдиҳанда: Салам

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, эҳтиром гузоштан ба ҷониби роҳбарон ё меҳмонони як кишвар ба кишвари дигар дар назди байрақ ва оромгоҳҳо, ки маъмул аст, аз ҷониби ҳамаи пешвоёни кишварҳо анҷом дода мешавад, аз нигоҳи шариат боке надорад, зеро чунин амалҳо маънои ибодат карданро надорад, балки як рамзи эҳтиром аст ба ҳамон кишвар.

2017-05-02
2773
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

27.11.2024

Подробнее
Фаджр05:42
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:08
Иша18:38