Вопрос № 01099

Оё мазҳаб ба дини Ислом дахл дорад?

Вопрос:

Оё мазҳаб ба дини Ислом дахл дорад?

Саволдиҳанда: Мартин

Ответ:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, бояд донист, ки мазҳаб далели қавӣ аз Қуръон дорад, чунонки Худованд мефармояд: “Пас, чаро чанд кас аз ҳар ҷамъе аз онҳо берун наоянд [ва дигарон боқӣ бимонанд], то дар дин донишманд шаванд ва чун ба сӯи қавми худ бозоянд, онҳоро бим кунанд?Бувад ки онҳо битарсанд”. (“Тавба”, 122) Яъне дар масоили динӣ аз соҳибони иҷтиҳоду истинбот пайравӣ кунед. Бинобар ин, мо барои ҳалли масоили динӣ малакаи иҷтиҳод ва истинботи аҳкомро надорем. Пас бояд ба яке аз имомони муайян, ки дорои малакаи иҷтиҳод ва истинбот аст, пайравӣ кунем, то ки дар роҳи дин гумроҳ нашавем.Аз сабаби камогоҳӣ ва ё ноогоҳӣ бархе афрод гумон мекунанд, ки баъзе масоили мазҳаби ҳанафӣ далели шаръии муътамад надоранд ва ба ин васила афкори мардумро мушавваш месозанд. Набояд фаромӯш кард, ки аз тарк намудани пайравии як мазҳаби муайян саҳлангорӣ дар умури дин пайдо мешавад, ки боиси ба вуҷуд омадани низоъу фитна дар ҷомеъа мегардад. Пайравӣ аз як мазҳаб яке аз сабабҳои амну субот дар ҷомеа буда, инсонро аз изтироб ва шакку шубҳа дур месозад.

2017-05-02
5059
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

23.12.2024

Подробнее
Фаджр06:03
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:12
Иша18:42