Вопрос № 01117

Оё нияти ҳамаи намозҳои нафлӣ яканд, яъне аз қабили таҳияи вузӯ, масҷид, таҳаҷҷуд, чошт, аввобин, тасбеҳ ва ғайра. Зеро дар баъзе ҷо мехонӣ, ки кадом намоз набошад, номи ҳамон намозро...

Вопрос:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу! Домуллои азиз, лутфан мегуфтед, ки оё нияти ҳамаи намозҳои нафлӣ яканд, яъне аз қабили таҳияи вузӯ, масҷид, таҳаҷҷуд, чошт, аввобин, тасбеҳ ва ғайра. Зеро дар баъзе ҷо мехонӣ, ки кадом намоз набошад, номи ҳамон намозро гирифта ният мекунӣ (мисол намози тасбеҳ) ё дар баъзе ҷо мехонӣ, ки ният кардам фалон ракъат намози нафл. Ҷавоби Шуморо бо далелҳо мунтазирам.  Дар охир аз Шумо хоҳони дуои нек дар ҳаққи худ ва волидайнам ҳастам. Ташаккур!

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, ҳамаи намозҳои нофиларо ба нияти нафл гузоридан бидуни таъйини онҳо кифоя мекунад. Дар китоби “Мухтасарул-виқоя” меорад: “Барои намозҳои ғайри фарз ва воҷиб нияти мутлақи намоз кифоя аст”. Албатта дар аҳодис намози чошт ё намози тасбеҳ омадааст, аз ин рӯ, беҳтар аст, ки навъи намозро муайян кунад, масалан гӯяд, ки “намози чошт” ё “намози таҳияти масҷид” ва ғайра. Дар ҳар сурат намозаш бидуни кароҳат адо мешавад.    

2017-05-08
5045
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

08.01.2025

Подробнее
Фаджр06:07
Зухр12:40
Аср15:27
Магриб17:24
Иша18:54