Вопрос № 01125
Ман ба як ҷавоби шумо зид ҳастам. Шумо гуфтед, ки аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ бозӣ кардан бо нард макрӯҳ аст, ба шарте ки...
Вопрос:
Ассалому алайкум. Ман ба як ҷавоби шумо зид ҳастам. Шумо гуфтед, ки аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ бозӣ кардан бо нард макрӯҳ аст, ба шарте ки дар он маблағ гузошта нашавад. Ман мегӯям, ки дар Ислом бозӣ кардан бо нард аз хук ҳам бадтар аст, агарчи бидуни маблағ бошад. Шумо бояд ҷавоби дуруст диҳед.
Саволдиҳанда: Аҳмад
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ин ҷавоби мо андешаи шахсии мо нест, балки назари уламои бузурги ҳанафӣ аст, ки бозӣ бо нардро макрӯҳ мегӯянд. Мақсуд аз макрӯҳ дар ин масъала макрӯҳи таҳримӣ аст, яъне ҳукми он ба ҳаром наздик аст. Барои маълумоти бештар оиди ин масъала ба китобҳои фатвои мазҳаб назар кунед, асли масъала бароятон равшан хоҳад шуд.