Вопрос № 01128
Аз рӯи адабиёти хондаам шаби понздаҳум шаби Бароат мешавад. Тибқи тақвими ҳиҷрӣ имрӯз шаби понздаҳуми Шаъбон аст. Аммо шумо навиштед, ки дар мақолаатон ин шаб ба 21-22-юми май рост меояд. Кадомаш дуруст аст?
Вопрос:
Ассалому алайкум. Аз рӯи адабиёти хондаам шаби понздаҳум шаби Бароат мешавад. Тибқи тақвими ҳиҷрӣ имрӯз шаби понздаҳуми Шаъбон аст. Аммо шумо навиштед, ки дар мақолаатон ин шаб ба 21-22-юми май рост меояд. Кадомаш дуруст аст? Ташаккур.
Саволдиҳанда: Хосият
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, имсол мувофиқи тақвими ҳиҷрӣ шаби Бароат ба рӯзи 11-ум ва шаби 12-уми май рост меояд. Лекин дар ягон мақолаамон мо ин шабро мувофиқ ба 21-22-юми май нагуфтаем, шояд шумо саҳв карда бошед, зеро соли қамарӣ аз соли шамсӣ 11 рӯз фарқ дорад. Ногуфта намонад, ки дар шаби Бароат ба тоату ибодат машғул шудан аҷру подоши фаровон дорад