Вопрос № 01130

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки фалон имом дар хобаш Паёмбарро дидааст ва ба ӯ чунин гуфтааст: Агар ту ин номаро хонӣ ва ба фалон нафар равон кунӣ, корат пеш меравад, ва агар. . .

Вопрос:

Ассалому алайкум. 1. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки фалон имом дар хобаш Паёмбарро дидааст ва ба ӯ чунин гуфтааст: Агар ту ин номаро хонӣ ва ба фалон нафар равон кунӣ, корат пеш меравад, агар бепарвоӣ кунӣ, ҳолат хароб мешавад. Назари уламо ба ин масъала чист? 2. Ақидае ҳаст, ки ҳар кас агар аз таги дори дорбоз гузарад, бедарду ранҷ мешавад ва корҳояш пеш меравад. Оё ягон ҳикмат дорад?

Саволдиҳанда: Бунёдҷон

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, албатта дидани Паёмбар (с) дар хоб ҳақ аст, зеро шайтон худро ба сурати Паёмбар (с) карда наметавонад. Аммо кушоиши корҳо бо хондан ва равон кардани нома ва ҳолати баръакси он асос надорад, балки як иддиои маҳз аст. 2. Аз таги дори дорбоз гузашта шифо ёфтан ва ё пеш рафтани корҳо асоси шаръӣ надорад, балки ин як хурофот аст. Шифои зоҳирӣ ва ботинии инсон бо роҳи муолиҷаву дармон ва тавассути хондани оятҳои Қуръон ҳосил мешавад. Пеш рафтани корҳо бошад, ба воситаи меҳнати содиқона ва хайру баракат хостан аз даргоҳи Худованд ба даст меояд. 

2017-05-12
3006
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

26.11.2024

Подробнее
Фаджр05:41
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:09
Иша18:39