Вопрос № 01139

Гӯштҳое, ки аз аҳли китоб мехарем, оё барои ҳалол будани онҳо гуфтани “Бисмиллоҳ” шарт аст? Агар ҳайвонро бидуни “Бисмиллоҳ” кушад, оё истифодаи он ҳалол аст? 2

Вопрос:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Домуллои азиз, илтимос, ба суолҳоям муфассалтар ҷавоб медодед. 1. Гӯштҳое, ки аз аҳли китоб мехарем, оё барои ҳалол будани онҳо гуфтани “Бисмиллоҳ” шарт аст? Агар ҳайвонро бидуни “Бисмиллоҳ” кушад, оё истифодаи он ҳалол аст? 2. Оё оят ё ҳадисе ҳаст, ки занҳои зинокорро ба роҳи Ислом дароварда бонамоз кунӣ ва савоб гирӣ? 3. Ба фикри ман гӯшти аҳли китоб ҳалол аст, фикри шумо чист? 5. Ҳолатҳое ҳастанд, ки бо тарки суннат инсон гунаҳгор шавад?    

Саволдиҳанда:Абдуллоҳ

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Бародари азиз, ҳайвонҳое, ки аҳли китоб забҳ мекунанд, ҳалол аст, ба шарте ки бо номи Худо кушта шаванд, дар акси ҳол ҳалол нест. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 183-184) 2. Ҳар инсоне, ки корҳои хилофи шариат анҷом медиҳад, ӯро бо равиши писандида панду насиҳат кунед ва аз роҳи бад баргардонед, яъне сабаби ҳидояти ӯ шавед, савоби бисёр хоҳед гирифт. Нишони мӯъмини комил ин аст, ки ба кори нек амр мекунад ва аз корҳои ғайри машруъ барҳазар медорад. 3. Ҳар чизе, ки дар он шакку шубҳа дошта бошед, парҳез кардан аз истеъмоли он хуб аст, зеро Расули Худо (с) мефармоянд: “Раҳо кун он чиро, ки туро ба шубҳа меандозад ва бигир он чиро, ки туро ба шубҳа намеандозад”. (Ривояти Тирмизӣ) 4. Суннатро бидуни узр тарк кардан гуноҳ аст. 

2017-05-18
2702
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

26.11.2024

Подробнее
Фаджр05:41
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:09
Иша18:39