Вопрос № 01172

Лутфан бигӯед, ки чаро мурдаро то ба гӯр нагузоранд, дар ҳаққаш фотиҳа намехонанд? Ҳикмати ин ки Расулуллоҳ (с) ҳазрати Оиша (р)-ро дар шашсолагияш барои худ никоҳ карда буданд, чист?

Вопрос:

Лутфан бигӯед, ки чаро мурдаро то ба гӯр нагузоранд, дар ҳаққаш фотиҳа намехонанд? Ҳикмати ин ки Расулуллоҳ (с) ҳазрати Оиша (р)-ро дар шашсолагияш барои худ никоҳ карда буданд, чист?

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

Ответ:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, дуо барои зиндаҳо ва мурдаҳо маҳдудият надорад, аз нигоҳи дини Ислом хоҳ пеш аз дафн бошад ё пас аз дафн дуруст аст, лекин одати оммаи мардум чунин шудааст. Афроде, ки аз масоили эътиқодӣ огоҳии хуб доранд, вақт муайян намекунанд. Дар издивоҷи Расули Худо (с) бо Оиша (р) ҳикматҳои зиёд нуҳуфта аст ва яке аз ин ҳикматҳо илова бар мустаҳкам намудани иртиботи дӯстӣ эҷоди пайванди хешовандӣ байни Пайғомбар (с) ва Абӯбакри Сиддиқ (р) мебошад. Барои огоҳии бештар пайдо намудан дар ин мавзӯъ ба китоби “Фазилатҳои Оиша (р)” муроҷиат кунед. 

2017-05-25
3591
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

26.11.2024

Подробнее
Фаджр05:41
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:09
Иша18:39