Вопрос № 01217
Мо фарзанди панҷмоҳа дорем, ба ғайр аз шири модар чизе намехӯрад. Ҳамсарам мегӯяд, ки рӯза медорам. Шумо чӣ маслиҳат медиҳед?
Вопрос:
Ассалому алайкум домуллои азиз. Мо фарзанди панҷмоҳа дорем, ба ғайр аз шири модар чизе намехӯрад. Ҳамсарам мегӯяд, ки рӯза медорам. Шумо чӣ маслиҳат медиҳед? Қаблан ташаккур.
Саволдиҳанда: Муҳамадалӣ
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар барои ҳамсар ва фарзанди шумо зарурат бошад, хусусан фарзандатон ба шир ниёз дошта бошад, ҳамсаратон метавонад рӯзаро бихӯрад, сипас дар вақти муносиб онро қазо медорад. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 37)