Вопрос № 01291
Дар чаҳор ракъати намози таровеҳ имом метавонад пайи ҳам сураҳоро такроран бихонад? Пеш аз таровеҳ таҳияти масҷид хондан ва зиёда аз ду ракъат хондан мумкин аст?
Вопрос:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. 1. Дар чаҳор ракъати намози таровеҳ имом метавонад пайи ҳам сураҳоро такроран бихонад? 2. Пеш аз таровеҳ таҳияти масҷид хондан ва зиёда аз ду ракъат хондан мумкин аст?
Саволдиҳанда: Абдулҳамид
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Бародари азиз, такроран хондани сураҳо дар чаҳор ракъати таровеҳ дуруст аст. 2. Пеш аз таровеҳ гузоридани таҳияти масҷид ба сурати ду ракъат ё чаҳор ракъат дуруст аст.