Вопрос № 01322

Сурае, ки саҷдаи тиловат дорад, дар дохили намоз хонда шавад, саҷдаи он дар дохили намоз адо карда мешавад ё пас аз намоз ва ё ҳамон саҷдаи намоз кофӣ аст?

Вопрос:

Ассалому алайкум. Сурае, ки саҷдаи тиловат дорад, дар дохили намоз хонда шавад, саҷдаи он дар дохили намоз адо карда мешавад ё пас аз намоз ва ё ҳамон саҷдаи намоз кофӣ аст?

Саволдиҳанда: Мирзошариф

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар ояти саҷдаи тиловат дар намоз хонда шавад, дарҳол саҷда кардан лозим мегардад. Агар ояти саҷда дар охири сура бошад ва пас аз хондани он дарҳол ба рукуъ равад, ҳамон рукуъ ба ҷои саҷда кофӣ аст. Агар ояти саҷдаро дар намоз хонад, вале то анҷоми намоз барои он саҷда накунад, дар беруни намоз дигар онро адо карда наметавонад. Саҷдаи намоз ба ҷои саҷдаи тиловат кифоят намекунад. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 23)

2017-07-01
3348
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

06.05.2024

Подробнее
Фаджр03:41
Зухр12:40
Аср17:28
Магриб19:33
Иша21:03