Вопрос № 01325

Ман санаи 10-уми июни моҳи Рамазон фарзанди ягонаам, ки 10 моҳа буд, бо хости Аллоҳ ба хок супоридам. Устод, фарзанд ширинтарин мева барои волидайн аст. Ба ҳамсарам то хол мегӯям, ки шукрона кун, иншоаллоҳ Худованд беҳтарин фарзандро насибамон ...

Вопрос:

Ассалому алайкум устод. Ман санаи 10-уми июни моҳи Рамазон фарзанди ягонаам, ки 10 моҳа буд, бо хости Аллоҳ ба хок супоридам. Устод, фарзанд ширинтарин мева барои волидайн аст. Ба ҳамсарам то хол мегӯям, ки шукрона кун, иншоаллоҳ Худованд беҳтарин фарзандро насибамон мегардонад. Устод, бигӯед, ки чӣ кор кунам, то ҳамсарам ором шавад?

Саволдиҳанда: Тоҳир

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, хурсандию мусибат дар ихтиёри банда нест, зиндагии инсон саросар имтиҳону санҷиш аст, ҳар коре, ки аз ҷониби Худованд меояд, ҳикмате дорад. Инсони мусулмон таслим шавад ва сабр пеша намояд, аҷру подоши беҳисоб ба даст меорад ва раҳмати илоҳӣ шомили ҳолаш мешавад. Мутобиқи суннати набавӣ шахси мусибатрасида ин дуоро мехонад: “Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун. Аллоҳуммаъҷурнӣ фӣ мусибатӣ ва ахлиф лӣ хайран минҳо”. Тарҷума: Ҳамоно мо аз они Аллоҳ ҳастем ва бозгашти ҳамаи мо ба сӯи Ӯст. Худовандо, маро дар баробари ин мусбат подош деҳ ва дар ивази он чизи беҳтаре насиби ман гардон”. Шумо ва ҳамсаратон ин дуоро бихонед, иншоаллоҳ қалбатон таскин меёбад ва дар оянда соҳиби фарзандони солеҳ хоҳед шуд.

2017-07-01
3849
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

07.05.2024

Подробнее
Фаджр03:40
Зухр12:40
Аср17:29
Магриб19:34
Иша21:04