Вопрос № 01352
Худованди бузургу тавоно биҳишту дӯзахро барои инсоният офарид ё барои тамоми махлуқоташ ҳамчун деву парию ҷин ва ғайра.
Вопрос:
Ассалому алайкум домуллои азиз. Худованди бузургу тавоно биҳишту дӯзахро барои инсоният офарид ё барои тамоми махлуқоташ ҳамчун деву парию ҷин ва ғайра.
Саволдиҳанда: Саидбек
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз миёни махлуқот фақат инсонҳо ва ҷинҳо мукаллаф ҳастанд, аз ин ҷиҳат биҳишту дӯзах, ки макони подошу ҷазо аст, хоссаи инсонҳо ва ҷинҳо мебошад, дигар махлуқот, яъне ҳайвонот дар рӯзи қиёмат зинда мешаванд ва дар миёнашон қисос барпо карда мешавад. Масалан, агар аз гови шохдор қисоси гови бешох гирифта мешавад, сипас ҳамаи ҳайвонот хок мегарданд. Дар майдони ҳашр ҳамаи махлуқот аз кирдорашон дар пешгоҳи Худованд мӯй ба мӯй ҳисоб хоҳанд дод. Ҳар соҳиби ҳақ ҳаққи худро аз ноҳақ хоҳад гирифт. Баъд аз тамом шудани ҳисобу китоб некӯкорон ба ҷаннат ва бадкорон ба дӯзах хоҳанд рафт. Мӯъминон дар ҷаннат ба ҷамоли илоҳӣ мушарраф хоҳанд шуд. Хулоса ҳаёти абадӣ барои аҳли биҳишт ва дӯзах аст, зеро Худованд дар бораи муъминон мефармояд: “Ва касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, пас онон бошандагони биҳиштанд, онҳо дар он ҷо ҷовиданд”. (“Бақара”; 82) Инчунин дар бораи кофирон мефармояд: “Ва касоне, ки нагаравиданд ва оятҳои Моро дурӯғ доштанд, онҳо бошандагони дӯзаханд, онҳо дар он ҷо ҷовиданд”. (“Бақара”; 39)