Вопрос № 01355
Тартиби намози ҷаноза ва аҷру подоши он, дуоҳо ва тарҷумаи онҳоро баён мекардед.Маъно ва мазмуни иди Қурбон, фарҳанг ва таърихи қурбониро мегуфтед. Кадом шахсон бояд қурбонӣ кунанд ва гӯшти қурбонӣ ба кӣ бояд дода шавад?Оё гӯшти ҷайра ҳалол аст?
Вопрос:
1. Тартиби намози ҷаноза ва аҷру подоши он, дуоҳо ва тарҷумаи онҳоро баён мекардед. 2. Маъно ва мазмуни иди Қурбон, фарҳанг ва таърихи қурбониро мегуфтед. Кадом шахсон бояд қурбонӣ кунанд ва гӯшти қурбонӣ ба кӣ бояд дода шавад? 3. Ҳайвонҳои ҳалол аз назари Ислом, хусусан мазҳаби ҳанафӣ кадомҳоянд? Оё гӯшти ҷайра ҳалол аст? Агар ҳалол набошад, ба чӣ иллат ҳалол нест?
Саволдиҳанда: Абдуллоҳ
Ответ:
Ассалому алайкум. 1. Бародари азиз, намози ҷаноза фарзи кифоя буда, дар ҳаққи мусулмонон дуо аст. Намози ҷаноза бо чаҳор такбир, дар ҳолати истода адо карда мешавад. Ин намоз рукуъ ва саҷда надорад. Имом дар баробари синаи майит меистад ва аз пушти ӯ ҷамоат саф мегиранд. Бо гуфтани аввалин такбир дастҳо то баробари нармии гӯш баланд шуда, зери ноф баста, «Субҳонакаллоҳумма» хонда мешавад. Баъд аз хондани сано бе бардоштани дастҳо такбири дувум гуфта мешавад. Ин такбирро имом бо овози баланд ва муқтадиҳо бо овози паст мегӯяндва «Аллоҳумма салли»ва«Аллоҳумма борик»мехонанд.
Баъд аз такбири севум дуои ҷаноза хонда мешавад, ки аз матн ва тарҷумааш чунин аст: «Аллоҳуммағфир лиҳаййино ва маййитино ва шоҳидино ва ғоибино ва кабирино ва сағирино ва закарино ва унсоно. Аллоҳумма ман аҳяйтаҳу минно фааҳйиҳӣ ъала-л-ислом ва ман таваффайтаҳу минно фатаваффаҳу ъала-л-имон, бираҳматика ё арҳамарроҳимин». Яъне: Худовандо гуноҳони зиндагону мурдагон, ҳозирону ғоибон, хурду калон ва мардону занони моро мағфират фармо. Худовандо касеро аз мо зинда дорӣ, пас ӯро бар ислом зинда дор ва касеро, ки аз мо мемиронӣ, пас ӯро бо имон бимирон, ба раҳматат умедворем эй меҳрубонтарин меҳрубонон.
Дар охир такбири чаҳорум гуфта шуда, бо кушода шудани дастҳо салом дода мешавад.
2. Дар рӯзҳои иди Қурбон, ки ба айёми моҳи Зулҳиҷҷа ва мавсими баргузории ҳаҷ рост меояд, ҷиҳати наздикӣ ба Худо ва ба нияти ибодат, забҳ кардани ҳайвонеро, ки дорои шартҳои хоси худ мебошад, қурбонӣ мегӯянд. Қурбонӣ кардан ба касоне воҷиб аст, ки садақаи фитр бар онҳо воҷиб мебошад, яъне ашхосе, ки молики нисоб ва муқим бошанд. Дар ивази нафси худ ҳайвоне барои қурбонӣ забҳ карда мешавад. Дар ривоят чунин ворид шудааст: «Қурбоние, ки фақат ба ризои Худо кушта мешавад, бо рехтани хуни он гуноҳи соҳибаш бахшида мешавад».
Беҳтар ин аст, ки ҳар кас қурбонии худро забҳ кунад. Агар худаш забҳ карда натавонад, якеро вакил гирифта болои сараш ҳозир шавад. Гӯшти қурбонӣ се тақсим мешавад. Аз се як ҳиссааш нафақаи аҳли иёл, ҳиссаи дуюм барои зиёфати аҳбоб ва дӯстон ва ҳиссаи севум ба фуқаро садақа дода мешавад.
3. Аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ гӯшти ҷайра ҳаром аст ва иллати он ин аст, ки аз қабили хабоис (ҳайвоноти хабис ва палид) ба шумор меравад.