Вопрос № 01374
Ронандагоне, ки бо суръати баланд мошин меронанд ва ба садама дучор шуда, ҳалок мешаванд, ҳукмашон дар шариати Ислом чист?
Вопрос:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Ронандагоне, ки бо суръати баланд мошин меронанд ва ба садама дучор шуда, ҳалок мешаванд, ҳукмашон дар шариати Ислом чист?
Саволдиҳанда: Абдуллоҳ
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, аз нигоҳи шариати Ислом ронандагоне, ки қоидаҳои нишондодашудаи роҳро риоя намекунанд ва бо суръати баланд мошин ронда, ба ҳалокат мерасанд, гунаҳгор ба шумор мераванд ва барои дар хатар гузоштани ҳаёти худ ҷавоб мегӯянд, чунки ҳаёт атои Худованд аст ва онро дар вартаи ҳалокат андохтан аз нигоҳи шариат ҳаром мебошад. Худованд дар Қуръони карим мефармояд: “Хештанро бо дастҳои худ ба вартаи ҳалокат маафканед”. (“Бақара”, 195) Илова бар ин, қоидаҳои ҳаракати роҳ дар тамоми олам пазируфта шуда ва аз назари шариати Ислом риояи онҳо барои ҳама ҳатмӣ мебошад.