Вопрос № 00138
Тарзи таяммумро мефаҳмондед.
Вопрос:
Тарзи таяммумро мефаҳмондед.
Саволдиҳанда:Карим
Ответ:
Дар таяммум баъд аз ният кардан фақат ду зарба задан ҳасту бас. Як зарба бо ду даст аз барои масҳи рӯй ва як зарбаи дигар барои масҳи дастон то оринҷҳо. Яъне таяммукунанда ду дасти худро ба замин зада, тамоми рӯяшро масҳ мекашад, сипас бори дувум дастонашро зада, дасти росташро аз сари ангуштон то охири оринҷ бо дасти чапаш, пасон дасти чапашро бо дасти рост то охири оринҷ масҳ мекашад.