Вопрос № 01380

1. Асҳоби каҳф 300 нафаранд ё 309 нафар? 2. Дар қиёмат бо кадом забон сухан мешавад?

Вопрос:

Ассалому алайкум. 1. Асҳоби каҳф 300 нафаранд ё 309 нафар? 2. Дар қиёмат бо кадом забон сухан мешавад?

Саволдиҳанда: Самиъ.

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, асҳоби каҳф на 300 ё 309 нафар, балки ҳафт нафар ҳастанд, чунонки Худованд мефармояд: “Ҷамъе хоҳанд гуфт: «Асҳоби Каҳф се касанд ва чаҳорумашон сагашон аст». Ва ҷамъе хоҳанд гуфт: «Панҷ касанд ва шашумашон сагашон аст» – [гуфторе] аз рӯи пиндори ғоибона аст. Ва низ мегӯянд: «Ҳафт касанд ва ҳаштумашон сагашон аст». Бигӯ: «Парвардигори ман ба шумори онҳо Донотар аст; ба ҷуз андаке касе онҳоро намедонад”. (“Каҳф”, 22) Муддати хоби онҳо дар ғор ба ҳисоби шамсӣ 300 сол ва ба ҳисоби қамарӣ 309 сол аст. Худованд дар ин бора фармудааст: “Ва дар ғори худ сесад сол диранг карда буданд ва нӯҳ соли дигар афзуданд”. (“Каҳф”, 25)

2. Тибқи баъзе ривоятҳо инсонҳо дар рӯзи қиёмат бо забони арабӣ ё форсӣ сухан мегӯянд, вале ҳақиқати он фақат ба Худованд маълум аст. Дар қиёмат бо забоне сухан мешавад, ки ҳама аҳли маҳшар онро мефаҳманд ва дарк мекунанд, зеро қиёмат марҳалае аст, ки аз дунё тафовут дошта, шароиту хусусиятҳои ба худ хос дорад.

2017-07-18
3523
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

26.11.2024

Подробнее
Фаджр05:41
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:09
Иша18:39