Вопрос № 01387
Оё дар Ислом ошиқӣ ҷоиз аст ё не?
Вопрос:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Оё дар Ислом ошиқӣ ҷоиз аст ё не?
Саволдиҳанда: Шодибек
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз,аз нигоҳи дини Ислом ошиқӣ ва муносибати номашруъ бо номаҳрам амали ҳаром аст. Шариат барои баровардани ниёзҳои фитрииинсон никоҳ ва издивоҷро муқаррар намудааст, ки ӯро ҳам аз ваҳшати танҳоӣ раҳо месозад ва ҳам аз ҳар гуна беиффатӣ, тардоманӣ ва лаззатҷӯиҳои номашруъ нигаҳ медорад. Расули Худо (с) ба ҷавонон чунин хитоб фармудаанд: «Эй гурӯҳи ҷавонон! Ҳар касе аз шумо тавони издивоҷ кардан дошта бошад, ин корро бикунад, зеро издивоҷ боиси сукунати чашму қалб ва ба вуҷудорандаи иффат аст ва ҳар касе наметавонад издивоҷ кунад, бояд ба рӯза чанг бизанад, зеро рӯза барои ӯ паноҳгоҳест, ки тақво меорад». (Ривояти Бухорӣ)
Аз нигоҳи дини Ислом ишқи поку самимӣ пас аз никоҳ бо ҳамсари худ сурат мегирад, ки он дар асоси меҳру муҳаббат, раҳму шафқат ва эҳсоси масъулият зиндагиро пеш бурдан ва фарзандони солеҳу солим тарбият кардан аст.