Вопрос № 01392
Хоҳишмандам дар бораи рӯза доштан дар рӯзҳои душанбе ва чоршанбе маълумот медодед, нияташро низ гӯед.
Вопрос:
Хоҳишмандам дар бораи рӯза доштан дар рӯзҳои душанбе ва чоршанбе маълумот медодед, нияташро низ гӯед.
Саволдиҳанда: Шодибек
Ответ:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, рӯза гирифтан фақат дар моҳи Рамазон фарз аст, аммо дар дигар моҳҳо ва рӯзҳои сол рӯза гирифтан мустаҳаб аст ва дорои аҷру савоби бисёрмебошад. Ин навъи рӯза ба нияти нафл ба ҷо оварда мешавад. Ногуфта намонад, ки Расули Худо (с) гоҳо рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе ва дар рӯзҳои 13-ум, 14-ум ва 15-уми моҳ рӯза медоштанд. Аз ин сабаб, донишмандон мефармоянд, ки дар ин рӯзҳо рӯзаи нафл доштан хуб аст ва аҷру савоб дорад. Тариқи нияти рӯза дар ин рӯзҳо чунин аст: Ният кардам рӯзаи нафл дорам аз суби содиқ то намози шом.