Вопрос № 00147
Оё таровеҳро танҳо гузоштан мумкин аст?Оё барои зан имомат кардан ба занҳо дар таровеҳ ё намозҳои фарз мумкин аст...
Вопрос:
Салом. Раҳмати Парвардигор ба Шумо. 1. Оё таровеҳро танҳо гузоштан мумкин аст? 2. Оё муқтадӣ дар салоти витри воҷиб, дуъои
қунутро мехонад (ҳангоми хондан бо ҷамоъат)? 3. Тарзи гузоштани намоз аз ҷониби занҳоро мефаҳмондед? 4. Оё барои зан имомат кардан ба занҳо дар таровеҳ ё намозҳои фарз мумкин аст? 5. Оё намози қасрро бо ҷамоъат хондан мумкин аст? 6.Дар кадом ҳолат зан ҳангоми ғусл кардан (баъди ҳамхобагӣ кардан бо шавҳар) мӯйҳояшро пурра мешӯяд? Ташаккури зиёд. Карим.
Ответ:
1. Танҳо хондани намози таровеҳ ҷоиз аст, вале тарки ҷамоат мешавад. Мувофиқи ҳадиси Пайғамбар (с) намози ҷамоат нисбат ба намози танҳогузор 27 дараҷа фазилат дорад. Бинобар ин, бо ҷамоат гузоридани намози таровеҳ беҳтар аст.
2. Оре, дуои қунутро ҳам имом ва ҳам муқтадӣ мехонанд, зеро хондани дуои қунут бар имом ва муқтадӣ ҳар ду воҷиб аст. (“Субҳун-нурӣ”, с. 189-190).
3. Намози зан аз намози мард дар ҳолатҳои зерин тафовут дорад:
- Дар такбири таҳрима дастҳоро то шонаҳо мебардорад;
- Дастҳоро аз остинҳо берун намебарорад;
- Кафи дасти ростро пушти дасти чап мегузорад;
- Дастҳоро на поён аз ноф, балки пеши бар мегирад;
- Дар рукуъ андак хам мешаванд;
- Дар рукуъ дастҳоро бар зонуҳо гузоштан кифоя аст;
- Дар рукуъ ангуштонашро кушода нигоҳ медорад;
- Дар рукуъ ба дастҳо фишор намеорад;
- Ронҳоро дар рукуъ поён ва паст мекунад;
- Дар рукуъ худро ҷамъ нигоҳ медорад;
- Дар саҷда паҳлуҳояшро аз худ дур намесозад;
- Дар саҷда ҳар ду дастро бар замин мехобонад;
- Дар қаъда бар сурин нишаста пойҳоро аз ҷониби рост мебарорад;
- Дар қаъда ангуштони дастонашро пайваст мегузорад;
- Ҳангоми ҳодисае дар намоз (аз қабили гузаштани касе аз пеши намоз) кафи дасти ростро бар пушти дасти чап мезанад;
- Имоматии мардон карда наметавонад;
- Ҷамоати занон макрӯҳ аст;
- Агар ҷамоати занон барпо шавад, имомашон дар миёнашон меистад;
- Ҳузури онҳо дар намози ҳамоат макрӯҳ аст;
- Дар ҷамоат аз қафои мардон меистанд;
- Барои занон намоз ҷумъа фарз нест;
- Намозҳои идайн барои онҳо воҷиб нест;
- Такбироти ташриқро баланд гуфтан бар онҳо воҷиб нест;
- Намози субҳро дар аввали вақт адо мекунанд;
- Бо овози баланд қироат кардани зан ҷоиз нест;
Таҳтовӣ ду ҳолати дигарро низ илова кардааст;
- Занон азон намегӯянд;
- Дар масҷид эътикоф намешинанд.
4. Тибқи мазҳаби ҳанафӣ имомат кардани зан барои дигар занҳо бо кароҳат ҷоиз аст. Агар зан имом шавад, мисли мардон пеш наистода, балки дар миёни саф меистад. (“Субҳун-нурӣ”, с. 200-201).
5. Намози қасрро бо ҷамоат хондан мумукин аст. Агар ҳамагӣ мусофир бошанд, қаср мехонанд, агар имом муқим бошад, пас муқтадиёни мусофир намозро пурра мехонанд. (“Субҳун-нурӣ”, с. 240-241).
6. Агар мӯи зан бофта ва ғафсу дароз набошад, онро пурра мешӯяд, вале дар ҳолати акс, асли мӯй, яъне сарро мешӯяд ва мӯи бофтаро ба ҳолаш мегузорад. (“Субҳун-нурӣ”, с. 66-67).