Вопрос № 01488
Одаме, ки намози фарзро паст мехонад, яъне такбири таҳримаро паст мегӯяд, ки онро намефаҳмем, лекин қоматро баланд мегӯяд, дар қафои ин одам намоз хондан мумкин аст?
Вопрос:
Ассалому алайкум домулло. Одаме, ки намози фарзро паст мехонад, яъне такбири таҳримаро паст мегӯяд, ки онро намефаҳмем, лекин қоматро баланд мегӯяд, дар қафои ин одам намоз хондан мумкин аст?
Саволдиҳанда: Шуҳрат
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар он шахс аркони намозро ба таври дуруст анҷом медиҳад, намози шумо аз паси ӯ дуруст мешавад, ҳарчанд ки садои ӯро нашунавед. Шахсе, ки дар намози ҷамоат имом мешавад, бояд ҳама ҷузъиёти ин ибодатро риоя намояд, то ки намози бидуни нуқсон адо шавад.