Вопрос № 01491

Дар вақти имтиҳон ё дигар корҳо баъзе муаллимон аз донишҷӯён пул меситонанд, нисбати ин амали онҳо чӣ гуфтан мумкин аст? Оё дар ин ҷо донишҷӯ гунаҳгор аст ё на? Он маблағҳое, ки онҳо мегиранд, оқибаташ чист? Дар ҳаққи мо дуогӯ бошед.

Вопрос:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Дар вақти имтиҳон ё дигар корҳо баъзе муаллимон аз донишҷӯён пул меситонанд, нисбати ин амали онҳо чӣ гуфтан мумкин аст? Оё дар ин ҷо донишҷӯ гунаҳгор аст ё на? Он маблағҳое, ки онҳо мегиранд, оқибаташ чист? Дар ҳаққи мо дуогӯ бошед.

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, ин амал ришва аст ва чунонки маълум аст, ришва дар дини Ислом ҷоиз нест. Чунки Расули Худо (с) фармудаанд: “Ришвадиҳанда ва ришвагиранда дар дӯзаханд”. Ҳар чизе, ки шариат манъ кардааст, дар он ҳеҷ хайру баракате нест. Худованд ҳамагиро тавфиқи аъмоли солеҳ ва парҳез аз гуноҳ насиб гардонад. 

2017-11-04
3485
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

21.04.2026

Подробнее
Фаджр04:12
Зухр12:40
Аср17:11
Магриб19:17
Иша20:47