Вопрос № 01499
Мард дар ҳолати ғазаб ба занаш гуфт, ки “ба ту се талоқ, се талоқ, се талоқ”, яъне якбора 3 талоқ гуфт. Оё дурусташ ин аст ё ин ки “як талоқ, ду талоқ, се талоқ”? Агар бо ҳамсари худ никоҳи ҳалолӣ хоҳад, чӣ бояд кард? Фаҳмида будам,..
Вопрос:
Ассалому алайкум. Мард дар ҳолати ғазаб ба занаш гуфт, ки “ба ту се талоқ, се талоқ, се талоқ”, яъне якбора 3 талоқ гуфт. Оё дурусташ ин аст ё ин ки “як талоқ, ду талоқ, се талоқ”? Агар бо ҳамсари худ никоҳи ҳалолӣ хоҳад, чӣ бояд кард? Фаҳмида будам, ки зан бояд бо марди дигаре никоҳ карда аз ӯ талоқ гирад ва баъд аз иддааш боз бо шавҳари нахустинаш никоҳ кунад. Оё бо он марде ки никоҳ кард, ҳамхобагӣ кардан байни онҳо ҳатмист ё на?
Саволдиҳанда: Музаффар
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар марде ҳамсарашро хоҳ якбора ва хоҳ ҷудогона се талоқ кунад, аз нигоҳи чор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат ҳамсараш се талоқ мешавад. Зане, ки се талоқ шуда бошад, то шавҳари дигар накунад ва байнашон муносибати маҳрамона сурат нагирад, барои шавҳари аввалаш ҳалол намешавад. Аз сабаби он ки масъалаи талоқ асрори зиёд ва паҳлуҳои гуногун ва тафсилталаб дорад, беҳтар мебуд, ки шумо дар сурати имкон ба Раёсати фатво муроҷиат мекардед.