Вопрос № 00153

Дар бораи тавҳид маълумоти муфассал диҳед Шаҳрванд Холмуҳаммад аз ноҳияи Исфара.

Вопрос:

Дар бораи тавҳид маълумоти муфассал диҳед Шаҳрванд Холмуҳаммад аз ноҳияи Исфара.

Ответ:

Анвоъи тавҳид се қисм аст:

 1.Ваҳдати дар зот.

 2.Ваҳдати дар сифот.

 3.Ваҳдати дар афъол.

1) Ваҳдати дар зот- яъне ягонагии Худованд ба маънои бе мислу монанд, бе шабеҳ ва қисматнопазир будани Худованд аст, яъне ба вуҷудоварандаи олам дорои аҷзо ва аъзо нест, зеро дорои аҷзо ва аъзо будан аз хоссаҳои таркиб аст ва таркиб аломати навпайдо будан аст, ҳол он ки вуҷуди Худованд азалист, ки ибтидо ва интиҳо надорад, инчунин дар сифоташ монанде недорад. Худованд дар ояти 11-уми сураи «Шӯро» мефармояд: «Ҳеҷ чизе монанди ӯ нест», инчунин дар сураи «Ихлос» мефармояд: «Бигӯ: ӯ Аллоҳи ягона аст. Аллоҳ бе ниёз аст. Назодааст касеро ва зода нашудааст аз касе ва ӯро ҳамто ҳеҷ касе нест».

2) Ваҳдати дар сифот: Яъне дар кардани мислу монанд аст барои Худованд дар ҳамаи сифатҳояш, ба вуҷудоварандаи олам дорои чанд қудрат ё чанд ирода ва чанд илм нест, пас манъ аст, ки барои Аллоҳ (ҷ) илмҳои бисёр ё қудратҳои бисёр ба андозаи маълумот ва мақдуроташ бошад, балки илми Аллоҳ воҳид аст ва маълумоташ бисёр, қудрати Аллоҳ воҳид аст ва мақдуроташ бисёр ва дигар сифатҳояш низ чунин аст.

3) Ваҳдати дар афъол- яъне танҳо будани Аллоҳ аст дар эҷод кардани ҳамаи коинот ва манъ аст нисбат додани таъсири анҷоми феъли ғайр дар болои феъли Худованд, балки Худованд дар ҳамаи афъолаш мухтор аст, яъне дар эҷоди олам Худои дигаре бо ӯ мушоракат накардааст ва фарзанд ва ҳамсаре надорад, ки ёридиҳандаи ӯ бошад. Худованд дар сураи ояти 22-юми «Анбиё» мефармояд: «Агар дар осмон ва замин маъбудоне ғайри Аллоҳ мебуд, ҳароина замину осмон вайрон мешуд», вайрон нашудани олам далел аст, ки пайдокунандаи ӯ Аллоҳи ягонааст.

2015-07-05
4408
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

23.11.2024

Подробнее
Фаджр05:38
Зухр12:40
Аср15:15
Магриб17:10
Иша18:40