Вопрос № 01589

Ман дар ҷое дидам, ки барои аз бадани зане баровардани ҷин мулло ӯро бо чӯбу мушт чунон мезад, ки тани зан сиёҳу кабуд шуда буд ва бо корде ӯро сих мекард. Зан аз дард гиря мекард, аммо мулло мегуфт, ки ин ҷинҳоянд. То куҷо ин корҳо дуруст аст? Оё задану лат додан раво аст?

Вопрос:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Ман дар ҷое дидам, ки барои аз бадани зане баровардани ҷин мулло ӯро бо чӯбу мушт чунон мезад, ки тани зан сиёҳу кабуд шуда буд ва бо корде ӯро сих мекард. Зан аз дард гиря мекард, аммо мулло мегуфт, ки ин ҷинҳоянд. То куҷо ин корҳо дуруст аст? Оё задану лат додан раво аст?

Саволдиҳанда: Фирӯз

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ҳангоми хондани руқяи шаръӣ шахси дуохон бояд шартҳои зайлро риоя кунад: Нияти холис дошта бошад, дар вақти дуохонӣ аз расму сурат ва дигар амрҳои ғайри шаръӣ маконро пок кунад, ба бемор муомилаи дурушт накунад, агар бемор дашном ва ё суханони дилхарош гӯяд, ба ғазаб наояд, балки сабр пеша намуда, аз даргоҳи Парвардигор барои бемор шифо талаб кунад. Бинобар ин, анҷом додани амалҳое аз қабили задану лат додани бемор ва халидани корд ба бадани ӯ аз нигоҳи шариат раво нест, чунки сабаби озору азияти ӯ мегардад.

2017-12-29
3644
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

26.11.2024

Подробнее
Фаджр05:41
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:09
Иша18:39