Вопрос № 01620
Зане чанд сол пеш аз шавҳараш як талоқ гирифта ҷудо шуд ва шавҳари дигар карда, бо ӯ чор моҳ зиндагӣ кард. Акнун як сол мешавад, ки ба хонаи падараш омадааст ва мегӯяд, ки дигар зиндагӣ намекунам.
Вопрос:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Зане чанд сол пеш аз шавҳараш як талоқ гирифта ҷудо шуд ва шавҳари дигар карда, бо ӯ чор моҳ зиндагӣ кард. Акнун як сол мешавад, ки ба хонаи падараш омадааст ва мегӯяд, ки дигар зиндагӣ намекунам. Агар шавҳари дуюмаш ӯро ҷавоб диҳад, оё метавонад бо шавҳари аввалаш издивоҷ кунад, зеро чунки аз ӯ як писар дорад? Оё бар ин зан идда нишастан воҷиб аст, чунки мегӯяд, ки як сол боз аз шавҳараш ҷудо зиндагӣ дорад?
Саволдиҳанда: Идрис
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, ин зан алҳол дар никоҳи шавҳари дуюм қарор дорад ва дар сурате метавонад бо шавҳари аввалаш издивоҷ кунад, ки шавҳари дуюм ӯро талоқ диҳад ва иддааш (се бор гузаштани одати моҳона) сипарӣ гардад. Пас аз талоқ идда бар зан воҷиб аст, агарчи муддати дароз аз шавҳар ҷудо зиндагӣ дорад.