Вопрос № 01631

Оё Худованд нафс дорад? Бо тафсилоти бештар мефаҳмондед.

Вопрос:

Оё Худованд нафс дорад? Бо тафсилоти бештар мефаҳмондед.

Саволдиҳанда: Дилшод

Ответ:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, Имоми Аъзам (р) дар китоби “Фиқҳи акбар”-и худ меорад: “Худованд яд, ваҷҳ ва нафс дорад ва он чи Худованд дар Қуръони карим зикр карда, ки Ў яд ва ваҷҳ ва нафс дорад, инҳо сифоти билокайф (бечигуна)-и Худованд ҳастанд”. Худованд дар каломи худ аз забони ҳазрати Исо (а) мефармояд: “Ту он чиро медонӣ, ки дар замири ман аст; ва ман он чиро намедонам, ки дар замири Ту аст; ба дурустӣ ки Ту Донандаи умури пинҳон ҳастӣ”. (Сураи “Моида”, ояти 116). Ҳамчунин Расули Худо (с) дар вақти зикру дуо фармудаанд: “Санои Туро чунонки худ бар хештан сано гуфтаӣ, шумор натавонам кард”. (Ривояти Муслим). Далелҳои мазкур бар ин амр далолат доранд, ки Худованд дорои нафс аст, он гуна ки лоиқ ба зоту сифоти ўст, яъне бидуни кайфият ва чигунагӣ, зеро сифоти Худованд ба сифоти махлуқот монандӣ надорад.

2018-02-02
4934
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

23.12.2024

Подробнее
Фаджр06:03
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:12
Иша18:42