Вопрос № 01633

1. Агар замоки масҳиҳоро худаш ё каси дигар кушояд, оё масҳ мешиканад? 2. Оё заминҳои хоҷагии деҳқонӣ дар тарика ё мерос дохил мешаванд, чунки молики замин давлат аст, на соҳиби замин?

Вопрос:

Ассалому алайкум устод. 1. Агар замоки масҳиҳоро худаш ё каси дигар кушояд, оё масҳ мешиканад? 2. Оё заминҳои хоҷагии деҳқонӣ дар тарика ё мерос дохил мешаванд, чунки молики замин давлат аст, на соҳиби замин? 3. Компаксҳои дар телефон вуҷуддошта қибларо дуруст нишон медиҳанд ё на? 4. Дар намозҳои фарз иқомат гуфтан суннат аст ё мустаҳаб? 5. Агар дар арақ об рехта шавад, оё нўшиданаш ҷоиз мешавад? 6. Ҳазрати Пайғамбар (с) дар тўли умри худ ҳангоми набардҳо чанд кофирро қатл кардаанд?

Саволдиҳанда: Саид

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, бо кушодани замоки масҳӣ масҳ мешиканад, фарқ намекунад, ки онро худаш мекушояд ё шахси дигар. 2. Заминҳои хоҷагии деҳқонии якумра дар тарика дохил мешаванд ва ворисон тибқи саҳмияи худ аз он истифода мебаранд. 3. Агар компакс вайрон набошад, самти қибларо дуруст нишон медиҳад. 4. Дар намозҳои фарз иқомат гуфтан суннат аст. 5. Бо рехтани об арақ пок намешавад, вале агар дар он намак омехта кунанд ва дар офтоб гузоранд, ба сирко мубаддал мегардад ва пок мешавад. 6. Расули Худо (с) дар бисту се набард иштирок намуда, фақат як кофирро қатл намудааст.

2018-02-02
4770
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

23.12.2024

Подробнее
Фаджр06:03
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:12
Иша18:42