Вопрос № 01634

Дар вақти таҳорат кадом дуоҳо хонда мешаванд? Бо далелҳо пурра ҷавоб медодед. Худованд илми Шуморо зиёда гардонад.

Вопрос:

Ассалому алайкум. Дар вақти таҳорат кадом дуоҳо хонда мешаванд? Бо далелҳо пурра ҷавоб медодед. Худованд илми Шуморо зиёда гардонад. 

Саволдиҳанда: Меҳроб

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар вақти  таҳорат ин дуоҳо ба тартиби зайл хонда мешаванд:

Дар вақти шустани ҳар ду даст мегўяд: Бисмиллоҳил-Алиййил-Азим вал-ҳамду лиллоҳи ало динил-Ислом. Ба номи Худованди баландмартабаи боазамат, ҳамду сано бар Худо бод, ки неъмати Исломро ба ман арзонӣ дошт.

Пас аз фориғ шудан аз истинҷо мегўяд: Аллоҳумма таҳҳир қалбӣ минан-нифоқ ва ҳассин фарҷӣ минал-фавоҳиш. Худоё, қалби маро аз нифоқ пок кун ва андомамро аз корҳои қабеҳ нигоҳ дор.

Дар вақти шустани ҳар ду даст мегўяд: Бисмиллоҳил-Алиййил-Азим вал-ҳамду лиллоҳи ало динил-Ислом. Ба номи Худованди баландмартабаи боазамат, ҳамду сано бар Худо бод, ки неъмати Исломро ба ман арзонӣ дошт.

Чун об дар даҳон кунад, бигўяд: Аллоҳумма аъиннӣ ало зикрика ва шукрика ва ҳусни ибодатика ва тиловати китобика. Худоё, маро бар зикру шукр гуфтани худ ва тиловат намудани китобат кумак намо.

Чун об дар бинӣ кунад, бигўяд: Аллоҳумма ариҳнӣ роиҳатал-ҷаннати варзуқнӣ мин наъимиҳо. Худоё, ба машоми ман бўи хуши биҳиштро бирасон ва аз неъматҳои он рўзиям деҳ.

Чун рўй бишўяд, дар оби аввал бигўяд: Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу. Гувоҳӣ медиҳам, ки маъбуде барҳақ ба ҷуз Худованд нест ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад (с) банда ва фиристодаи Ўст.

Дар оби дувум бигўяд: Аллоҳумма баййиз ваҷҳӣ бинури маърифатика явма табяззу вуҷуҳу авлиёика ва ло тусаввид ваҷҳӣ явма тасвадду вуҷуҳу аъдоика. Худоё, рўзе, ки чеҳраҳои дўстонатро сафеду нуронӣ мегардонӣ, чеҳраи маро низ бо нури маърифатат сафеду нуронӣ гардон ва он рўзе, ки рўйҳои душманонатро сиёҳ мегардонӣ, чеҳраамро сиёҳ магардон.

Чун дасти рост бишўяд, бигўяд: Аллоҳумма аътинӣ китобӣ бияминӣ ва ҳосибнӣ ҳисобан ясиро. Худоё, номаи аъмоламро ба дасти ростам бидеҳ ва ҳисобро бар ман осон гардон.

Чун дасти чап бишўяд, бигўяд: Аллоҳумма ло туътинӣ китобӣ бишимолӣ ва ло мин варои заҳрӣ ва ло туҳосибнӣ ҳисобан асиран ва ло туъаззибнӣ азобан нукро. Худоё, номаи аъмоламро ба дасти чапам ва аз паси пуштам мадеҳ, ҳисобро бар ман душвор магир ва ба азоби сахт гирифтор макун.

Чун масҳи сар кашад, бигўяд: Аллоҳумма ғашшинӣ бираҳматика ва анзил алаййа мин баракотика ва азлилнӣ таҳта аршика явма ло зилла илло зиллу аршика. Худоё, маро бо раҳмати худ бипўшон ва хайру баракати худро бар ман фуруд овар, дар рўзе, ки ҳеҷ сояе ҷуз сояи арши Ту намондааст, маро дар зери сояи арашат қарор бидеҳ.

Чун масҳи гўш кашад, бигўяд: Аллоҳуммаҷъалнӣ миналлазина ястамиъўнал-қавла фаяттабиъўна аҳсанаҳу. Худоё, маро аз ҷумлаи касоне бигардон, ки ба сухан гўш медиҳанд ва ба некўтарини он пайравӣ мекунанд.

Чун масҳи гардан кашад, бигўяд: Аллоҳумма аътиқ рақабатӣ ва рақабата обоӣ ва уммаҳотӣ ва аҳли байтӣ минан-нор. Худоё, гардани ман ва гардани падарону модарон ва аҳли хонадонамро аз оташи дўзах озод кун.

Чун пойи рост бишгўяд, бигўяд: Аллоҳумма саббит қадамаййа алас-сироти явма тазиллу фиҳил-ақдом. Худоё, рўзе, ки қадамҳо мелағжанд, ҳар ду қадамамро бар пули сирот собиту устувор бидор.

Чун пойи чап бишўяд, бигўяд: Аллоҳуммаҷъал саъйӣ машкуран ва занбӣ мағфуран ва амалӣ мақбулан ва тиҷоратӣ лан табуро. Худоё, саъйи маро пазируфта, гуноҳамро омурзида, амаламро қабулшуда ва тиҷоратамро безиён ва судманд бигардон.

Хондани ин дуоҳо мустаҳаб буда, дар баъзе китобҳои фиқҳӣ ворид шудаанд. Пас аз фориғ шудан аз вузў ин дуоро мехонад: Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу. Аллоҳуммаҷъалнӣ минат-таввобин ваҷъалнӣ минал-мутатаҳҳирин. Гувоҳӣ медиҳам, ки маъбуде барҳақ ба ҷуз Худованди якка ва беанбоз нест ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад (с) банда ва фиристодаи Ўст. Худоё, маро аз зумраи тавбакорон ва покон бигардон.

Амирулмуъминин Умар ибни Хаттоб (р) дар фазилати ин дуо аз Паёмбар (с) ривоят мекунад: «Шахсе таҳорати хуб кунад ва ин дуоро бихонад, ҳашт дари биҳишт ба рўяш боз мешавад ва ў аз кадом даре, ки хост, дохил мешавад». (Ривояти Тирмизӣ)

Қобили зикр аст, ки дуоҳои мазкур дар китобҳои “Эҳёул-улум” ва “Кимиёи саодат” ворид шудаанд.

2018-02-02
9307
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

22.11.2024

Подробнее
Фаджр05:37
Зухр12:40
Аср15:15
Магриб17:10
Иша18:40