Вопрос № 01639
Ассалому алайкум. Пас аз салом додан дар намоз кадом дуоҳо бояд хонда шавад?
Вопрос:
Ассалому алайкум. Пас аз салом додан дар намоз кадом дуоҳо бояд хонда шавад?
Саволдиҳанда: Беҳрӯз
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шумо метавонед пас аз намоз ин дуоҳоро бихонед:
«Аллоҳумма тақаббал минно салотано бифазлика ва карамика ва ло тазриб биҳо вуҷуҳано ё Илаҳал-оламин ва ё Хайран-носирин таваффано муслимин ва алҳиқно бис-солиҳин бираҳматика ё Араҳамар-роҳимин».
Тарҷума: Худовандо, ба фазлу карамат аз мо намозамонро бипазир ва онро ба рӯйи мо мазан, эй Худои оламиён ва эй беҳтарин мададгорон, моро мусулмон бимирон ва ба солиҳону некукорон бипайванд, умед аз раҳмати Ту дорем, эй Меҳрубонтарини меҳрубонон.
Пас аз тиловати сурае ё чанд ояте аз қуръон ин дуо хонда мешавад: «Аллоҳумма наввир қулубано бил-қуръон ва заййин ахлоқано бил-қуръон ва наҷҷино минан-нори бил-қуръон ва адхилнал-ҷанната бил-қуръон. Раббанағфир лано ва лиихвониналлазина сабақӯно бил-имон ва ло таҷъал фӣ қулубино ғиллал-лиллазина оманӯ, Раббано иннака ғафурур-Раҳим бираҳматика ё Арҳамар-роҳимин».
Худовандо! қалбҳои моро бо нури қуръон мунаввар бигардон, ахлоқи моро бо зинати қуръон музайян бигардон, моро ба шарофати қуръон аз азоби дӯзах бираҳон ва ба каромати қуръон моро дохили биҳишт бигардон. Парвардигоро! Мо ва бародаронамонро, ки ба имон овардан бар мо сабқат карданд, биомурз ва дар дилҳои мо нисбат ба онон, ки имон оварданд, ҳеҷ кина пайдо макун. Парвардигоро! Ту Бахшояндаи Меҳрубон ҳастӣ, умед аз раҳмати Ту дорем, эй Меҳрубонтарини меҳрубонон.
Дар охир ин дуоро мехонанд:
«Раббано отино фид-дунё ҳасанатав-ва фил-охирати ҳасанатав-ва қино азобан-нор».
Тарҷума: «Парвардигоро! Ба мо дар дунё некӣ бидеҳ ва дар охират некӣ бидеҳ ва аз азоби дӯзах моро раҳоӣ бахш».
Барои маълумоти бештар шумо аз бахши «Китобхона»-и сомона китоби «Нақши дуо дар зиндагии инсон»-ро мутолиа намоед.