Вопрос № 00167

Оё сигор таҳорат ва рӯзаро мешиканад? Бо кадом далелҳо?

Вопрос:

Салом Оё сигор таҳорат ва рӯзаро мешиканад? Бо кадом далелҳо? Ташаккур.

Саволдиҳанда:Абдукарим.

Ответ:

Ҳар як фарди оқилу солимфикр ба хубӣ медонад, ки сигор аз ҷумлаи маводи зараровар буда, ба ҷисми инсон ва рӯҳу равони ӯ зарари моддию маънавии ҷиддӣ мерасонад. Дар китобҳои фиқҳӣ оиди шикастани таҳорат аз сигор зикре ба миён наомадааст. Аммо асли масъала дар ин ҷост, ки ҳадаф аз таҳорат чист? Шоир мегӯяд:

Чун биёрӣ таҳорати зоҳир,

Ботинат низ Ҳақ кунад тоҳир.

Абӯҳомиди Ғазолӣ дар китоби «Арбаин» мегӯяд: «Баъид нест, ки покии зоҳир дар ботин таъсир кунад ва нуре аз зоҳир ба қалб битобад, зеро вақте ки инсон ба таври комил вузӯ месозад ва назофатро риоя мекунад, сафо ва оромишу кушоише дар қалбаш эҷод мешавад, ки қабл аз он вуҷуд надоштааст». Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ҳадафи асосӣ аз пок кардани зоҳир пок намудани қалб аз ҳама олудагиҳо ва кудуратҳо мебошад. Пас шахсе, ки сигор истеъмол мекунад, маълум аст, ки на танҳо зоҳиру ботинашро олуда месозад, балки ба муҳит ва атрофиёни худ зарарҳои моддию маънавӣ мерасонад. Бинобар ин, афзалу беҳтар он аст, ки пас аз кашидани сигор таҷдиди вузӯ кунад.

Дар мавриди шикастани рӯза дар китоби «Хулосатул-масоил» чунин меорад: «Ҳамчунин аз кашидани қалён ва андохтани носвор рӯза мешиканад». (“Фиқҳи муяссар”, с. 213-214; «Хулосатул-масоил», ҷ. 2, с. 124 ).

2015-07-20
4707
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

24.11.2024

Подробнее
Фаджр05:39
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39