Вопрос № 01701
Даҳ ҳайвоне, ки ба биҳишт дохил мешаванд, кадомҳоянд?
Вопрос:
Ассалому алайкум устод. 1. Даҳ ҳайвоне, ки ба биҳишт дохил мешаванд, кадомҳоянд? 2. Қиёми саҷдаи саҳв фарз аст ё суннат?
Саволдиҳанда:Самир
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, он ҳайвонҳое, ки ба биҳишт дохил мешаванд, инҳоянд: Шутури ҳазрати Расули акрам (с), шутури ҳазрати Солеҳ (а), гўсолаи ҳазрати Иброҳим (а), гўсфанди ҳазрати Исмоил (а), гови ҳазрати Мўсо (а), моҳии Юнус (а), хари ҳазрати Узайр (а), мўрчаи ҳазрати Сулаймон (а), ҳудҳуди Билқис ва саги асҳоби каҳф. 2. Саҷдаи саҳв қиём надорад, зеро адои саҷдаи саҳв дар дохили намоз аст.