Вопрос № 01704
Оё ба тарафи қибла пойҳоро дароз карда хобидан дуруст аст? Дар вақти дуо хондани шахси тарсида кадом дуоҳо хонда мешавад? Муллоеро дидам, ки сураи “Фотиҳа”, оятҳои 1-5-уми сураи “Бақара”, сураҳои “Ёсин”, “Иншироҳ”, “Ихлос”, “Фалақ” ва “Нос”-ро мехонд. Ҳамин сураҳоро хонем, мешавад?
Вопрос:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Оё ба тарафи қибла пойҳоро дароз карда хобидан дуруст аст? 2. Оё дар рӯзи вафот сару либос шустан боке надорад? 3. Дар вақти дуо хондани шахси тарсида кадом дуоҳо хонда мешавад? Муллоеро дидам, ки сураи “Фотиҳа”, оятҳои 1-5-уми сураи “Бақара”, сураҳои “Ёсин”, “Иншироҳ”, “Ихлос”, “Фалақ” ва “Нос”-ро мехонд. Ҳамин сураҳоро хонем, мешавад?
Саволдиҳанда:Давлаталӣ
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Бародари азиз, дароз кардани пойҳо ба тарафи қибла ҷоиз нест, зеро як навъ беэҳтиромӣ ба он ҳисоб мешавад. 2. Дар рӯзи вафоти касе шустани сару либос боке надорад. 3. Хондани сураҳои мазкур барои шахси тарсида бисёр муфид ва иншоаллоҳ сабаби шифо аст.