Вопрос № 01717
Суннати намози бомдодро пас аз фарз хондан дуруст аст?
Вопрос:
Ассалому алайкум. Суннати намози бомдодро пас аз фарз хондан дуруст аст?
Саволдиҳанда:Бобоҷон
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар намози бомдод бо фарзаш қазо шавад, то вақти пешин ҳар ду қазо гузорида мешавад, вале агар фарзро бо ҷамоат адо кард, ба қавли Имом Абўҳанифа (р) ва Имом Абўюсуф (р) суннат соқит мешавад, аммо Имом Муҳаммад (р) мегўяд, ки ман дўст дорам пас аз тулуъи офтоб қазои он ба ҷо оварда шавад.