Вопрос № 01733
Имом ба чӣ касе нияти иқтидо мекунад? Баъзеҳо мегўянд, ки ба Қуръон иқтидо мекунад, баъзе мегўянд, ки мисли танҳогузор ният мекунад. Кадоме аз инҳо дуруст аст?.
Вопрос:
Ассалому алайкум. 1. Имом ба чӣ касе нияти иқтидо мекунад? Баъзеҳо мегўянд, ки ба Қуръон иқтидо мекунад, баъзе мегўянд, ки мисли танҳогузор ният мекунад. Кадоме аз инҳо дуруст аст? 2. Калимаҳои “ҳоҷӣ”, “эшон”, “шайх”, махсум”, “мулло” ва “сўфӣ” кадом маъноҳоро дорост ва дараҷаи кадом яке аз инҳо баланд аст? 3. Мўъмин аз мусулмон чӣ фарқ дорад ва дар кадом сура зикр шудааст?
Саволдиҳанда:Давлаталӣ
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, имом ба касе иқтидо намекунад, балки ў кафил ва уҳдадори намози қавм аст, он чи баъзеҳо мегўянд, ки имом ба Қуръони маҷид иқтидо мекунад, саҳеҳ нест. 2. Маънои ҳар як аз ин калимаҳо ба шарҳи зайл аст: Ҳоҷӣ дар истилоҳи шаръӣ касе аст, ки либоси эҳром пўшида ва маносики ҳаҷро анҷом медиҳад, аммо дар урф шахсеро мегўянд, ки фаризаи ҳаҷро адо кардааст. Вожаи “эшон” дар урфи мардуми мо ба касе нисбат дода мешавад, ки сайидзода, яъне аз насли ҳазрати Пайғамбар (с) бошад. “Шайх” дар луғат ба маънои шахси солхўрда меояд ва маъмулан шахси зоҳиду обид, муршид ва пешвои рўҳониро мегўянд. Калимаи “махсум” шакли вайроншудаи “махдум” аст, ки ба маънои “хидматшуда” меояд, яъне касе, ки аз рўи эҳтиром ба ў хидмат мекунанд. Дар урф аҳли илму фазлро бо ин унвон мехонанд. Калимаи “мулло” ба маънои доно, пур аз илм ва олими мадраса меояд ва дар фарҳанги динӣ низ маънои донандаи улуми шариатро ифода мекунад. Истилоҳи “сўфӣ аз” калимаи “сўф” ба маънои пашм гирифта шуда, ба касе нисбат дода мешавад, ки солики роҳи тариқат ва аз аҳли тасаввуф бошад. Дар гузашта чунин касон аксаран либоси пашмина ба бар мекарданд, аз ин рў, бо ин унвон номгузорӣ шудаанд. Дар фарҳанги динии мо ин истилоҳот ба пешвоёни динӣ нисбат дода мешаванд ва тафовути дараҷа ва мақоми онҳо аз якдигар ба илму тақво аст. 3. Аз нигоҳи луғат байни имон ва ислом фарқ вуҷуд дорад, зеро имон ба маънои гаравидан ва тасдиқ доштан, ислом ба маънои итоат ва таслим шудан аст. Аммо аз нигоҳи шариат мўъмин ва мусулмон яке аст, яъне мўъмин ҳамон мусулмон аст ва мусулмон ҳамон мўъмин, зеро Худованд дар оятҳои 34-35-уми сураи “Зориёт” як қавмро ҳам мўъмин ва ҳам мусулмон номидааст, бинобар ин, мўъмин ва мусалмон яке ҳастанд.