Вопрос № 01735
Дар ҳолати бо ҷамоат дарёфтани фарзи намози бомдод ва пешин, намози суннатро пас аз фарз гузоридан ҷоиз аст ё на?
Вопрос:
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз назари Имоми Аъзам (р) ва Абўюсуф (р) пас аз гузоридани фарзи бомдод суннати он гузорида намешавад, вале Имом Муҳаммад (р) мегўяд: “Ман дўст медорам, ки пас аз тулуъи офтоб ва баланд шудани он намози суннат гузорида шавад”. Суннатҳои намози пешин пас аз фарз гузорида мешавад, кадомеро, ки аввал гузорад, ихтиёр дорад.