Вопрос № 01738

Дар шаҳри Маскав вақти намози шом соати 19:21 ва намози хуфтан соати 21:33 муқаррар шудааст. Оё риоя кардани соатҳои муқарраршуда зарурӣ аст ё ин ки ба мисли вақти Тоҷикистон гузаштани 1 соату 20 дақиқа кофӣ аст?Шайтонро дашном додан ҷоиз аст?

Вопрос:

Ассалому алайкум устод. 1. Дар шаҳри Маскав вақти намози шом соати 19:21 ва намози хуфтан соати 21:33 муқаррар шудааст. Оё риоя кардани соатҳои муқарраршуда зарурӣ аст ё ин ки ба мисли вақти Тоҷикистон гузаштани 1 соату 20 дақиқа кофӣ аст? 2. Шайтонро дашном додан ҷоиз аст? 3. Одаму Ҳавво бо кадом забон сухан мекарданд, арабӣ ё сурёнӣ? 4. Агар барои гирифтани паспорти Русия қайди ЗАКС-ро бекор кунӣ, никоҳ бурида мешавад? 5. Ақидаи масеҳиён ин аст, ки ҳазрати Исо (а) Худоро бо номи “падар” нидо кардааст, оё ин ҳақиқат дорад? 6. Волидайни Расули акрам (с) мусулмон мурдаанд ё на?

Саволдиҳанда:Самеъ

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, шумо бояд тақвими вақтҳои намозро, ки Идораи муфтиёти Русия муқаррар кардааст, риоя кунед ва намозҳои панҷгонаро мутобиқи он гузоред. 2. Лаънат гуфтан ба шайтон ҷоиз аст, вале беҳтар ин аст, ки аз шарру васвасаи ў ба Худованд паноҳ бурда шавад. Шайтон аз дашноми мўъмин на ин ки ғамгин, балки шод мешавад, аз ин рў, мўъмин ба ҷои дашном ва суханони қабеҳ ба зикру ёди Худо ва гуфтору кирдори некў машғул шавад, то шайтонро ба хашм орад. 3. Ҳазрати Одам (а) ва Ҳавво (р) бо якдигар ба забони сурёнӣ сухан мегуфтанд. 4. Бо бекор кардани қайди ЗАКС никоҳ аз байн намеравад. 5. Ҳазрати Исо (а) ҳаргиз Худовандро бо калимаи “падар” нидо накардааст, балки ба ў “Парвардигори ман”-гуфта сухан гуфтааст. 6. Волидайни Пайғомбар (с) дар замони фатрат гузаштаанд ва даъвати рисолат ба онҳо нарасидааст.

2018-04-27
3087
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

25.11.2024

Подробнее
Фаджр05:40
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39