Вопрос № 01763
Оё гузоштани ин ном дуруст аст? Оё ин тарзи номгузорӣ ба меъёрҳои шариати Ислом зид нест?
Вопрос:
Лутфан оиди номи Хосият маълумот медодед, ки оё гузоштани ин ном дуруст аст? Оё ин тарзи номгузорӣ ба меъёрҳои шариати Ислом зид нест?
Саволдиҳанда: Зуҳуршо
Ответ:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, калимаи “хосият” дар луғат ба маънои сифат, хўй ва табиат меояд. Ин калима дар фарҳанги номгузорӣ ҳамчун номи шахс ворид нашудааст, вале аз он ҷо ки дар байни омма истеъмоли он роиҷ шудааст, гузоштани он ишколе надорад. Аммо беҳтар ин аст, ки барои фарзанд номи муносибтар ва зеботаре интихоб карда шавад.