Вопрос № 01765
Оё дар мазорҳо оят хондан дуруст аст? Агар имконият бошад, аз ҳадиси Бухорӣ далел мовардед.
Вопрос:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Оё дар мазорҳо оят хондан дуруст аст? Агар имконият бошад, аз ҳадиси Бухорӣ далел мовардед.
Саволдиҳанда: Умед
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, тиловат кардан дар сари қабр ё мазор ҷоиз аст ва дар ин бора уламои мазҳаб ҳеҷ ихтилофе надоранд. Дар ин бора ҳадисҳои зиёде ворид шудааст, аз он ҷумла ба ривояти Абдуллоҳ ибни Умар (р) ва Лаҷлоҷ. Фаромўш набояд кард, ки ҳадисҳои Пайғомбар (с) танҳо дар “Саҳеҳ”-и Бухорӣ маҳдуд намешаванд, балки китобҳои ҳадиси саҳеҳ зиёданд.